https://sputnik.tj/20230718/pokiston-terrorist-afghoniston-silohho-jadid-1058335348.html
Покистон: террористҳо дар Афғонистон ба силоҳҳои ҷадид даст ёфтаанд
Покистон: террористҳо дар Афғонистон ба силоҳҳои ҷадид даст ёфтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Покистон иддао мекунад, ки гурӯҳи “террористии таҳрики толибон” (TTP) дар Афғонистон ба паноҳгоҳ ва силоҳҳои модерн даст ёфтааст
2023-07-18T19:32+0500
2023-07-18T19:32+0500
2023-07-18T19:32+0500
афғонистон
покистон
дар ҷаҳон
террорист
аслиҳа
дастрасӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049141062_0:0:3167:1782_1920x0_80_0_0_e6d46c48082631719f841d082be81712.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Раиси ситоди артиши Покистон Генерал Осим Мунир, дар нишасте бо фармондиҳони пойгоҳҳои артиши ин кишвар бо таъкид бар муборизаи Исломобод бо аносири террористӣ муддаӣ шуд, ки ҷангҷуёни ТТР* дар Афғонистон ба паноҳгоҳ ва ҷадидтарин силоҳҳо дастрасӣ доранд, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.Ба иттилои манбаъ, артиши Покистон дар гузорише аз ин нишаст эълом кард дар ин дидор паноҳгоҳҳо ва озодии амали террористҳои таҳрики толибони Покистон ва соири гурӯҳҳои мушобеҳ дар Афғонистон ва дар дастрас будани силоҳҳои модерн барои терруристҳо аз далоили аслии таъсиргузор бар амнияти Покистон зикр шуд.Фармондиҳони артиши Покистон нотавонии толибони Афғонистон дар маҳори таҳрики толибонро далели аслии мавҷи ахири нооромиҳо дар иёлатҳои Балуҷистон ва Хибарпахтунхва эълом карданд.Ин дар ҳолеаст, ки толибон* ахиран дар вокуниш ба эътирозоти мақомот Покистон гуфтаанд, ки Афғонистон набояд ба далели мушкилоти амниятӣ дар Покистон маломат шавад, балки авомили ин нокомиҳо бояд дар дохили Покистон ҷустуҷӯ шавад.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо таъкид кардааст, ки агар Исломобод шавоҳиде дар мавриди истифода аз хоки Афғонистони алайҳи Покистон ба иштирок бигзарад Кобули дар ин бора иқдом хоҳад кард.* - созмон ё гурӯҳе, ки таҳти таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230718/vokunishi-tolibho-ba-guzorishi-smm-dar-borai-naqzi-huquqi-bashar-dar-afghoniston-1058327269.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049141062_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_24bb55e5e1a589254468950e590384dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
покистон, афғонистон, террористҳо, силоҳ, ҷадид, паноҳгоҳ,
покистон, афғонистон, террористҳо, силоҳ, ҷадид, паноҳгоҳ,
Покистон: террористҳо дар Афғонистон ба силоҳҳои ҷадид даст ёфтаанд
Артиши Покистон иддао мекунад, ки гурӯҳи “террористии таҳрики толибон” (TTP)* дар Афғонистон ба паноҳгоҳ ва силоҳҳои модерн даст ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Раиси ситоди артиши Покистон Генерал Осим Мунир, дар нишасте бо фармондиҳони пойгоҳҳои артиши ин кишвар бо таъкид бар муборизаи Исломобод бо аносири террористӣ муддаӣ шуд, ки ҷангҷуёни ТТР* дар Афғонистон ба паноҳгоҳ ва ҷадидтарин силоҳҳо дастрасӣ доранд, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
Ба иттилои манбаъ, артиши Покистон дар гузорише аз ин нишаст эълом кард дар ин дидор паноҳгоҳҳо ва озодии амали террористҳои таҳрики толибони Покистон ва соири гурӯҳҳои мушобеҳ дар Афғонистон ва дар дастрас будани силоҳҳои модерн барои терруристҳо аз далоили аслии таъсиргузор бар амнияти Покистон зикр шуд.
Фармондиҳони артиши Покистон нотавонии толибони Афғонистон дар маҳори таҳрики толибонро далели аслии мавҷи ахири нооромиҳо дар иёлатҳои Балуҷистон ва Хибарпахтунхва эълом карданд.
Ин дар ҳолеаст, ки толибон* ахиран дар вокуниш ба эътирозоти мақомот Покистон гуфтаанд, ки Афғонистон набояд ба далели мушкилоти амниятӣ дар Покистон маломат шавад, балки авомили ин нокомиҳо бояд дар дохили Покистон ҷустуҷӯ шавад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо таъкид кардааст, ки агар Исломобод шавоҳиде дар мавриди истифода аз хоки Афғонистони алайҳи Покистон ба иштирок бигзарад Кобули дар ин бора иқдом хоҳад кард.
* - созмон ё гурӯҳе, ки таҳти таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ қарор дорад.