https://sputnik.tj/20230729/sifat-internet-pardokht-ghayrinaqd-1058514070.html
Интернети 2G дар 95%-и қаламрави Тоҷикистон: Атоев гуфт, бо он чӣ кор кардан мумкин аст?
Интернети 2G дар 95%-и қаламрави Тоҷикистон: Атоев гуфт, бо он чӣ кор кардан мумкин аст?
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилу омӯзиши Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нишон додааст, ки дар 95%-и қаламрави кишвар алоқаи 2G фаъол буда, сари 5%-и дигар корбарӣ идома дорад
2023-07-29T09:30+0500
2023-07-29T09:30+0500
2023-07-29T09:30+0500
дар тоҷикистон
алоқа
барқӣ
пардохт
иқтисод
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101621/30/1016213094_0:244:1365:1012_1920x0_80_0_0_52431c800fc681cbed8f6d5882ea6dc9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шикоятҳо аз деҳоти дурдасти ҷумҳуриро дар бораи сифати пасти интернет ва эҳтимоли анҷом нашудани пардохтҳои ғайринақдӣ бо чунин суръатро шарҳ дод. Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев, зимни нишасти матбуотии ниҳод ба хабарнигорон гуфт, дар 95% - и қаламрави кишвар алоқаи 2G фаъол аст. Вай афзуд, барномаи афзоиш додани теъдоди истгоҳҳои базавии JSM ва боло бурдани зарфияти истгоҳҳои мавҷуд аз оғози соли равон шуруъ шуда, низоми кунунии алоқаи мобилӣ имкон медиҳад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ бидуни мушкил анҷом шаванд."Исбот карда шуд, ки посттерминалҳо бо суръати интернети 2G қудрати интиқоли пули ғайринақдиро доранд. Мо сари 5% - и дигари манотиқ низ кор карда истодаем”, - гуфт Атоев.Вай афзуд, бонкҳои кишвар ва бозорҳои электронии байналмилалӣ бо ширкатҳои мобилӣ ҷиҳати ҳамвор кардани алоқаи қобили қабул ҳамкорӣ доранд. “Ҷойҳое, ки метавонанд мушкил эҷод кунанд, асосан бархе деҳоти атрофи шаҳру марокизи навоҳӣ, манотиқи наздимарзӣ ва кӯҳистонӣ ҳастанд ва мо бо ворид кардани истгоҳҳои базавӣ асосан сари ҳамин қаламравҳо тамаркуз кардаем”, - гуфт ӯ.Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон тайи ним соли ахир ҳудуди 443 истгоҳи базавӣ ворид ва насб кардаанд, ки бештарини онҳо ба "Вавилон-Мобайл", "Таком" ва "ТТ мобайл" рост меояд. Ҳамзамон ҳудуди 60 истгоҳи базавии қаблӣ модернизатсия шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дар саросари Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 28 ҳазору 364 воситаи радиоэлектронӣ насб шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2022 ҳудуди 736 адад, ё 3% зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20230728/simkorthoi-faol-tojikiston-kam-1058494383.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101621/30/1016213094_0:175:1365:1199_1920x0_80_0_0_6d55562104fc6818883f0300df68431f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пардохт, алоқа, мобилӣ, тоҷикистон, корбарӣ, қаламрав
пардохт, алоқа, мобилӣ, тоҷикистон, корбарӣ, қаламрав
Интернети 2G дар 95%-и қаламрави Тоҷикистон: Атоев гуфт, бо он чӣ кор кардан мумкин аст?
Таҳлилу омӯзиши Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нишон додааст, ки дар 95%-и қаламрави кишвар алоқаи 2G фаъол буда, сари 5%-и дигар корбарӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шикоятҳо аз деҳоти дурдасти ҷумҳуриро дар бораи сифати пасти интернет ва эҳтимоли анҷом нашудани пардохтҳои ғайринақдӣ бо чунин суръатро шарҳ дод.
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев, зимни нишасти матбуотии ниҳод ба хабарнигорон гуфт, дар 95% - и қаламрави кишвар алоқаи 2G фаъол аст.
Вай афзуд, барномаи афзоиш додани теъдоди истгоҳҳои базавии JSM ва боло бурдани зарфияти истгоҳҳои мавҷуд аз оғози соли равон шуруъ шуда, низоми кунунии алоқаи мобилӣ имкон медиҳад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ бидуни мушкил анҷом шаванд.
"Исбот карда шуд, ки посттерминалҳо бо суръати интернети 2G қудрати интиқоли пули ғайринақдиро доранд. Мо сари 5% - и дигари манотиқ низ кор карда истодаем”, - гуфт Атоев.
Вай афзуд, бонкҳои кишвар ва бозорҳои электронии байналмилалӣ бо ширкатҳои мобилӣ ҷиҳати ҳамвор кардани алоқаи қобили қабул ҳамкорӣ доранд.
“Ҷойҳое, ки метавонанд мушкил эҷод кунанд, асосан бархе деҳоти атрофи шаҳру марокизи навоҳӣ, манотиқи наздимарзӣ ва кӯҳистонӣ ҳастанд ва мо бо ворид кардани истгоҳҳои базавӣ асосан сари ҳамин қаламравҳо тамаркуз кардаем”, - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон тайи ним соли ахир ҳудуди 443 истгоҳи базавӣ ворид ва насб кардаанд, ки бештарини онҳо ба "Вавилон-Мобайл", "Таком" ва "ТТ мобайл" рост меояд.
Ҳамзамон ҳудуди 60 истгоҳи базавии қаблӣ модернизатсия шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дар саросари Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 28 ҳазору 364 воситаи радиоэлектронӣ насб шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2022 ҳудуди 736 адад, ё 3% зиёд мебошад.