https://sputnik.tj/20230728/simkorthoi-faol-tojikiston-kam-1058494383.html
Шумори симкортҳои фаъол дар Тоҷикистон садҳо ҳазор кам шуд
Шумори симкортҳои фаъол дар Тоҷикистон садҳо ҳазор кам шуд
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳааш аз коҳиши назарраси теъдоди симкортҳои мобилии фаъол дар ҷумҳурӣ гузориш дод
2023-07-28T12:50+0500
2023-07-28T12:50+0500
2023-07-28T12:50+0500
дар тоҷикистон
алоқа
симкорт
хадамоти алоқа
фаъол кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102646/42/1026464293_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_3b223247d9405d1676c595e0ac84e40d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои сабтшуда ба ҳолати аввали моҳи июл 8,3 млн ададро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо 5,6 млн ададашон фаъол мебошанд. Дар ин бора ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бар асоси омори ироакардаи Атоев, дар давоми нимсола шумораи симкортҳои фаъол дар ҷумҳурӣ ҳудуд 800 ҳазор адад коҳиш ёфтааст. Дар аввали соли равон Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи симкортҳои фаъол дар ҷумҳуриро 6,4 млн адад гуфта буд. Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон симкортҳо ба таври густурда масдуд шуда истодаанд. Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар шарҳи қазия гуфт, рақамҳое, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар фаъолият доштанд ва аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ хомуш карда шуданд. Тибқи қарори ҳукумат, бақайдигирии симкортҳо бояд бо шиносномаи намунаи соли 2014 ё ID корт амалӣ карда шавад. Дар ҳамин ҳол шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст. Теъдодашон бо назардошти интернети мобилӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон 4,5 млн нафар ҳисоб карда шудааст. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар аввали соли равон низ шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷумҳуриро 4,5 млн нафар гуфта буд. Дар аввали соли 2022 ин нишондод ба 4,2 млн нафар баробар гардид.
https://sputnik.tj/20230728/amniyat-pardokht-ghayrinaqdi-tojikiston-1058493188.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102646/42/1026464293_749:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_678f49f88e4487539d38551a4705d838.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шумора, симкорт, фаъол, хадамоти алоқа
тоҷикистон, шумора, симкорт, фаъол, хадамоти алоқа
Шумори симкортҳои фаъол дар Тоҷикистон садҳо ҳазор кам шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳааш аз коҳиши назарраси теъдоди симкортҳои мобилии фаъол дар ҷумҳурӣ гузориш дод
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои сабтшуда ба ҳолати аввали моҳи июл 8,3 млн ададро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо 5,6 млн ададашон фаъол мебошанд.
Дар ин бора ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бар асоси омори ироакардаи Атоев, дар давоми нимсола шумораи симкортҳои фаъол дар ҷумҳурӣ ҳудуд 800 ҳазор адад коҳиш ёфтааст.
Дар аввали соли равон Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи симкортҳои фаъол дар ҷумҳуриро 6,4 млн адад гуфта буд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон симкортҳо ба таври густурда масдуд шуда истодаанд.
Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар шарҳи қазия гуфт, рақамҳое, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар фаъолият доштанд ва аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ хомуш карда шуданд.
Тибқи қарори ҳукумат, бақайдигирии симкортҳо бояд бо шиносномаи намунаи соли 2014 ё ID корт амалӣ карда шавад.
Дар ҳамин ҳол шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст. Теъдодашон бо назардошти интернети мобилӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон 4,5 млн нафар ҳисоб карда шудааст.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар аввали соли равон низ шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷумҳуриро 4,5 млн нафар гуфта буд. Дар аввали соли 2022 ин нишондод ба 4,2 млн нафар баробар гардид.