https://sputnik.tj/20230729/sel-kharobiovar-sughd-khojagi-zarar-ovard-1058516844.html
Сели харобиовар дар Суғд ба 63 хоҷагӣ зарар расонд
Сели харобиовар дар Суғд ба 63 хоҷагӣ зарар расонд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз омадани сел дар навоҳии Айнӣ ва Панҷакент хабар дода, афзуд, ки аз ҳама беш хисорот ба сокинони ноҳияи Айнӣ расонда шуд
2023-07-29T13:30+0500
2023-07-29T13:30+0500
2023-07-29T13:30+0500
дар тоҷикистон
сел
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:76:1032:657_1920x0_80_0_0_e73734ded04a631b463bf86d36602618.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Боришоти шадиди борон боиси омадани сел дар вилояти Суғд гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳлатҳои фавқулода.Бар хабари манбаъ, сел дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ омад, ки дар натиҷа роҳҳои маҳаллӣ иншооти ёрирасон ва биноҳои истиқоматӣ хароб гардиданд.Манбаъ афзуд, ки офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт.Феълан, барои муайян кардани хисорот ва расондани кумак комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба вазъияти фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.КҲФ ҳамчунин аз омадани сел дар деҳоти Ёрӣ, Лоиқ Шералӣ ва ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент хабар дод. Дар натиҷаи омадани сел роҳҳои деҳот ва заминҳои кишоварзӣ зарар диданд. Феълан маълумот дар бораи хисороти расида маълум нест. Илова бар ин, сел дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, минтақаҳои Истаравшан ва Деваштич низ омадааст, вале ба хонаҳои аҳолии маҳаллӣ осеб нарасонд.Қаблан КҲФ аз боришоти шадиди борон ва омдани селу ярч дар минтақаҳои гуногун хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20230728/hushdo-khatar-sel-tufon-chang-ghubor-tojikiston-1058501147.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:0:1032:774_1920x0_80_0_0_2ce7cf9879f71dbaa87b262be8303baf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел суғд
Сели харобиовар дар Суғд ба 63 хоҷагӣ зарар расонд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз омадани сел дар навоҳии Айнӣ ва Панҷакент хабар дода, афзуд, ки аз ҳама беш хисорот ба сокинони ноҳияи Айнӣ расонда шуд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Боришоти шадиди борон боиси омадани сел дар вилояти Суғд гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳлатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, сел дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ омад, ки дар натиҷа роҳҳои маҳаллӣ иншооти ёрирасон ва биноҳои истиқоматӣ хароб гардиданд.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, сел ба 63 хоҷагӣ, аз ҷумла 7 бинои истиқоматӣ, 56 иншооти ёрирасон ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ қисман зарар расонд", - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ афзуд, ки офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт.
Феълан, барои муайян кардани хисорот ва расондани кумак комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба вазъияти фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.
КҲФ ҳамчунин аз омадани сел дар деҳоти Ёрӣ, Лоиқ Шералӣ ва ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент хабар дод. Дар натиҷаи омадани сел роҳҳои деҳот ва заминҳои кишоварзӣ зарар диданд. Феълан маълумот дар бораи хисороти расида маълум нест.
Илова бар ин, сел дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, минтақаҳои Истаравшан ва Деваштич низ омадааст, вале ба хонаҳои аҳолии маҳаллӣ осеб нарасонд.
Қаблан КҲФ аз боришоти шадиди борон ва омдани селу ярч дар минтақаҳои гуногун хабар дода буд.