https://sputnik.tj/20230728/hushdo-khatar-sel-tufon-chang-ghubor-tojikiston-1058501147.html
Ҳушдор аз хатари селфароӣ ва тӯфони чангу ғубор дар Тоҷикистон
Ҳушдор аз хатари селфароӣ ва тӯфони чангу ғубор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар робита ба хатарҳои эълоншуда, аз қабили чангбоду селҳо, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки қоидаиҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд
2023-07-28T16:40+0500
2023-07-28T16:40+0500
2023-07-28T16:40+0500
дар тоҷикистон
кҳф
чангу ғубор
селфароӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1b/1058486195_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_6a8f76402a5445d8c562f72bbd56cf28.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи се рӯзи оянда ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо истинод ба ҳавошиносони кишвар хабар медиҳадБа иттилои манбаъ, рӯзҳои 29-31 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани сели маҳаллӣ идома хоҳад кард. Қисмати марказӣ ва ҷанубии кишвар аз доми чангу ғубор раҳо шуданӣ нест.Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, ҳангоми ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор эҳтиёткор бошанд.Дар манотиқе, ки чангу ғубор пешгӯӣ мешавад, ба сокинон тавсия мешавад, ки ниқоб банданд ва тозакории тар гузаронанд.Ин ниҳод ба сокинони манотиқи кӯҳистонӣ қатъиян тавсия ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои наздики обанборҳо эҳтиёткор бошанд. Ғайр аз ин, бо мақсади пешгирӣ кардани оқибатҳои сел аз аҳолӣ даъват менамояд, ки барои тоза кардани селроҳаҳо, дарёҳо, соҳилҳо, каналҳо ва дигар объектҳои обӣ тозакориро анҷом диҳанд.
https://sputnik.tj/20230615/talaf-chorvo-masdud-roh-khf-khisorot-sel-1057724708.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1b/1058486195_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_57b72748371d94c24782b77372c5c46f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор хатар сел тӯфон чанг ғубор тоҷикистон
ҳушдор хатар сел тӯфон чанг ғубор тоҷикистон
Ҳушдор аз хатари селфароӣ ва тӯфони чангу ғубор дар Тоҷикистон
Дар робита ба хатарҳои эълоншуда, аз қабили чангбоду селҳо, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки қоидаиҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи се рӯзи оянда ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо истинод ба ҳавошиносони кишвар хабар медиҳад
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 29-31 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани сели маҳаллӣ идома хоҳад кард.
Қисмати марказӣ ва ҷанубии кишвар аз доми чангу ғубор раҳо шуданӣ нест.
"29 июли соли 2023 дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар ҳудуди шаҳри Душанбе бар асари вазиши шамол, ифлосшавии ҳавои атмосфера тӯфони чангу ғубор дар назар аст", - афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, ҳангоми ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор эҳтиёткор бошанд.
Дар манотиқе, ки чангу ғубор пешгӯӣ мешавад, ба сокинон тавсия мешавад, ки ниқоб банданд ва тозакории тар гузаронанд.
Ин ниҳод ба сокинони манотиқи кӯҳистонӣ қатъиян тавсия ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои наздики обанборҳо эҳтиёткор бошанд.
Ғайр аз ин, бо мақсади пешгирӣ кардани оқибатҳои сел аз аҳолӣ даъват менамояд, ки барои тоза кардани селроҳаҳо, дарёҳо, соҳилҳо, каналҳо ва дигар объектҳои обӣ тозакориро анҷом диҳанд.