https://sputnik.tj/20230729/panj-shirkati-rusiya-tojikiston-musofirbari-1058513333.html
Панҷ ширкати ҳавоии Русия ба Тоҷикистон мусофирбарӣ мекунанд
Панҷ ширкати ҳавоии Русия ба Тоҷикистон мусофирбарӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон теъдоди ширкатҳои хориҷиеро, ки дар бозори мусофирбарии байналмилалии ҷумҳурӣ фаъолият доранд, 11 адад гуфтанд
2023-07-29T10:30+0500
2023-07-29T10:30+0500
2023-07-29T10:30+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
мусофир
ҳавопаймо
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102883/30/1028833049_0:104:2786:1671_1920x0_80_0_0_be6b4e4c80ad1770b79624f0db4cdff9.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Миёни ширкатҳои хориҷие, ки дар бозори мусофирбарии байналмилалии ҳавоии Тоҷикистон фаъолият доранд, 5 ададаш ширкатҳои русиягӣ мебошанд. Дар ин бора Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 аз фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ хориҷи дуру наздик 1 ширкати ватанӣ ва 11 хориҷӣ мусофирбарӣ кардаанд. Дар феҳрасти ширкатҳои русиягии фаъол дар Тоҷикистон, аз ҷумла "Utair", "Уралские авиалинии", "Северний ветер", "Сибир-S7" ва "Ямал" номбар карда шудаанд. Агентӣ таъкид кард, ки масирҳои Тоҷикистон - Русия аз ҷумлаи серталабтарин миёни мусофирон дар ҷумҳурӣ мебошанд. Дар баробари ширкатҳои русӣ инчунин "Эйр Астана"-и Қазоқистон, “Ӯзбек Ҳаво Юллари”-и Ӯзбекистон, "Флай Дубай"-и Аморати Муттаҳидаи Араб, "Туркиш Айрлайнс"-и Туркия, "Вариш Айрлайнс"-и Эрон, "Ҷазира Эйрвейз"-и Кувайт ва “AZAL”-и Озарбойҷон парвозҳо анҷом медиҳанд. Дар нимсолаи якуми соли 2023 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба қариб 1,7 млн мусофир хизмат расондаанд, ки аз ин қариб 1 млн нафараш ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд. Мусофирбарӣ аз тариқи фурудгоҳи байналмилалӣ дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 400 ҳазор нафар ё 30% афзоиш ёфтаанд.
https://sputnik.tj/20230728/arzon-talosh-rohi-ohan-tojik-musofirbari-1058505450.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102883/30/1028833049_211:0:2576:1774_1920x0_80_0_0_eb8c03f6b472342c2cffccda9ff3480c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чанд, ширкат, хориҷӣ, тоҷикистон, фаъол
чанд, ширкат, хориҷӣ, тоҷикистон, фаъол
Панҷ ширкати ҳавоии Русия ба Тоҷикистон мусофирбарӣ мекунанд
Мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон теъдоди ширкатҳои хориҷиеро, ки дар бозори мусофирбарии байналмилалии ҷумҳурӣ фаъолият доранд, 11 адад гуфтанд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Миёни ширкатҳои хориҷие, ки дар бозори мусофирбарии байналмилалии ҳавоии Тоҷикистон фаъолият доранд, 5 ададаш ширкатҳои русиягӣ мебошанд.
Дар ин бора Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 аз фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ хориҷи дуру наздик 1 ширкати ватанӣ ва 11 хориҷӣ мусофирбарӣ кардаанд.
Дар феҳрасти ширкатҳои русиягии фаъол дар Тоҷикистон, аз ҷумла "Utair", "Уралские авиалинии", "Северний ветер", "Сибир-S7" ва "Ямал" номбар карда шудаанд.
Агентӣ таъкид кард, ки масирҳои Тоҷикистон - Русия аз ҷумлаи серталабтарин миёни мусофирон дар ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар баробари ширкатҳои русӣ инчунин "Эйр Астана"-и Қазоқистон, “Ӯзбек Ҳаво Юллари”-и Ӯзбекистон, "Флай Дубай"-и Аморати Муттаҳидаи Араб, "Туркиш Айрлайнс"-и Туркия, "Вариш Айрлайнс"-и Эрон, "Ҷазира Эйрвейз"-и Кувайт ва “AZAL”-и Озарбойҷон парвозҳо анҷом медиҳанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба қариб 1,7 млн мусофир хизмат расондаанд, ки аз ин қариб 1 млн нафараш ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд.
Мусофирбарӣ аз тариқи фурудгоҳи байналмилалӣ дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 400 ҳазор нафар ё 30% афзоиш ёфтаанд.