https://sputnik.tj/20230728/arzon-talosh-rohi-ohan-tojik-musofirbari-1058505450.html
Нархи арзон: талоши "Роҳи оҳани Тоҷикистон" барои ҳузури бештар дар бозори мусофирбарӣ
Нархи арзон: талоши "Роҳи оҳани Тоҷикистон" барои ҳузури бештар дар бозори мусофирбарӣ
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" бо пешниҳоди тахфифҳо талош дорад, дар бозори мусофирбарии байналмилалӣ ва дохилӣ ҳузури бештар дошта бошад
2023-07-28T17:15+0500
2023-07-28T17:15+0500
2023-07-28T17:30+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
оҳан
нарх
роҳи оҳан
мусофирбар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049366283_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_e807d1374798fa25ad8975611269a2dc.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Мусофир ҳар қадаре пештар барои сафар аз тариқи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон чипта харад, нарх ҳамон қадар арзонтар меафтад. Ин нуктаро ноиби раиси "Роҳи оҳани Тоҷикистон", Карим Муминов зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, афзуд, ки хариди пештар имкон медиҳад, ки чиптаҳо то 40% арзонтар бошанд. Вай таъкид намуд, ки тахфифҳо дар ҳамаи самтҳои ҳаракати мусофирбарии дохилӣ мавҷуд буда, дар масири Душанбе - Кӯлоб ин нишондиҳанда то 60% тахфиф мерасад. Муминов тавзеҳ дод, ки аз тариқи тахфиф мехоҳанд, ҳар чи бештар мусофиронро ба нақлиёти роҳи оҳан ҷалб намоянд. Тахфифи то 60%-ӣ танҳо дар хатсайри дохилии Кӯлоб - Душанбе ҷорӣ шудааст, ки мақсадашро ҷалби мусофирон ба ин хатсайр хонданд, афзуд ӯ. Дар мавриди нархи чипта дар хатсайрҳои байналмилалӣ таъкид гардид, ки нархи чиптаҳои Тоҷикистон - Русия барои купе то 1763 сомонӣ ва платскарт 1528 сомонӣ мебошанд. Ба гуфти масъулин агар чипта пештар харидорӣ шавад, арзонтар - 1350 сомонӣ нарх хоҳад дошт.Роҳбарияти корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" таъкид намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон мусофирбарӣ ҳудуди 215 ҳазор нафарро ташкил дод, ки дар сатҳи соли гузашта мебошад.Ин ниҳод мақсад гузоштааст, ки бо таъмини шароити беҳтару нархҳои дастрас мусофирбарӣ аз тариқи роҳи оҳанро густариш диҳад.
https://sputnik.tj/20230728/tojik-eyr-parvozhoro-oghoz-1058501325.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049366283_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_8610d23cf00a1e211c708e442993edc8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, роҳ, оҳан, тоҷикистон, дохилӣ, хориҷӣ
нарх, роҳ, оҳан, тоҷикистон, дохилӣ, хориҷӣ
Нархи арзон: талоши "Роҳи оҳани Тоҷикистон" барои ҳузури бештар дар бозори мусофирбарӣ
17:15 28.07.2023 (Навсозишуда: 17:30 28.07.2023) Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" бо пешниҳоди тахфифҳо талош дорад, дар бозори мусофирбарии байналмилалӣ ва дохилӣ ҳузури бештар дошта бошад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Мусофир ҳар қадаре пештар барои сафар аз тариқи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон чипта харад, нарх ҳамон қадар арзонтар меафтад.
Ин нуктаро ноиби раиси "Роҳи оҳани Тоҷикистон", Карим Муминов зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, афзуд, ки хариди пештар имкон медиҳад, ки чиптаҳо то 40% арзонтар бошанд.
Вай таъкид намуд, ки тахфифҳо дар ҳамаи самтҳои ҳаракати мусофирбарии дохилӣ мавҷуд буда, дар масири Душанбе - Кӯлоб ин нишондиҳанда то 60% тахфиф мерасад.
Муминов тавзеҳ дод, ки аз тариқи тахфиф мехоҳанд, ҳар чи бештар мусофиронро ба нақлиёти роҳи оҳан ҷалб намоянд.
Тахфифи то 60%-ӣ танҳо дар хатсайри дохилии Кӯлоб - Душанбе ҷорӣ шудааст, ки мақсадашро ҷалби мусофирон ба ин хатсайр хонданд, афзуд ӯ.
Дар мавриди нархи чипта дар хатсайрҳои байналмилалӣ таъкид гардид, ки нархи чиптаҳои Тоҷикистон - Русия барои купе то 1763 сомонӣ ва платскарт 1528 сомонӣ мебошанд.
Ба гуфти масъулин агар чипта пештар харидорӣ шавад, арзонтар - 1350 сомонӣ нарх хоҳад дошт.
Роҳбарияти корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" таъкид намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон мусофирбарӣ ҳудуди 215 ҳазор нафарро ташкил дод, ки дар сатҳи соли гузашта мебошад.
Ин ниҳод мақсад гузоштааст, ки бо таъмини шароити беҳтару нархҳои дастрас мусофирбарӣ аз тариқи роҳи оҳанро густариш диҳад.