Нахустин парвози Раҳмон бо ҳавопаймои нави президентӣ - видео

Обуна шудан
Ҳавопаймои президентии ҷадиди Тоҷикистон, гуфта мешавад, ба ивази 92 млн доллар харида шуда, баъди рангубор вориди Душанбе шуд, мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори аввал бо истифода аз ҳавопаймои нави "Boeing 787-8 Dreamliner" ба сафари хориҷӣ рафт.
Бар асоси навори гусели раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон ба Чин бо ҳавопаймои нав сафар кардааст. Ин ҳавопаймо ахиран, баъди рангубор ва наққошии рамзҳои давлатии Тоҷикистон аз ИМА ба Душанбе ворид гардид.
Расман мақомоти Тоҷикистон дар мавриди хариди ҳавопаймо барои президент ҳанӯз иттилое надодаанд.
Моҳи апрели соли равон раисҷумҳури Мексика, Андрес Мануэл Лопес Обрадор эълон дошт, ки ҳавопаймои президентиро ба ҳукумати Тоҷикистон ба ивази 92 млн доллар фурӯхтанд.
"Ман ба мардуми Мексика мегӯям, ки шартномаи фурӯши ҳавопаймоҳои президентӣ баста шуд. Мутобиқи арзёбии расмӣ ҳукумати Тоҷикистон ба 1,6 млрд песоро гузаронд", - гуфта буд ӯ.
Маълум аст, ки ин ҳавопаймо чанд соли пеш ба фурӯш гузошта шуд ва нархи аввалияи он ба маротиб гаронтар арзёбӣ мешуд.
Эмомалӣ Раҳмон озими Чин шуд
Худи Обрадор, ки моҳи декабри соли 2018 ба сари қудрат омад, ҳеҷ гоҳ аз ин ҳавопаймо истифода накарда буд ва борҳо ваъда дод, ки барои он соҳиби нав пайдо мекунад.
Роҳбари Мексика инчунин тавзеҳ дод, ки ҳамаи маблағҳои бадастомада аз фурӯши ҳавопаймо барои сохтани ду беморхона дар музофоти нодори кишвар равона карда мешаванд.
Дар мавриди худи ҳавопаймо маълум аст, ки он соли 2012 аз ҷониби Мексика дар аҳди роҳбарии Фелипе Калдероне фармоиш дода шуда, моҳи феврали соли 2016 дар замони роҳбарии Энрике Пеня Нето ба кишвар расид.
Тибқи арзёбиҳои гуногун, барои ин ҳавопаймо аз 220 то 400 млн доллар пардохт карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0