https://sputnik.tj/20230728/amniyat-pardokht-ghayrinaqdi-tojikiston-1058493188.html
Амнияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон таъмин аст?
Амнияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон таъмин аст?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон Бонки миллиро якҷоя бо Хадамоти алоқа ва дигар ниҳодҳои масъул муваззаф намудааст, ки амнияти пардохтҳои ғайринақдиро таъмин созанд
2023-07-28T12:15+0500
2023-07-28T12:15+0500
2023-07-28T12:15+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
телефони мобилӣ
алоқа
раис
симкортҳо
пардохти ғайринақдӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045615932_801:902:2839:2048_1920x0_80_0_0_5fdb00fd181ead0ce9d2354f0dc7658c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Амнияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои алоқаи мобилӣ, тибқи қолабу меъёрҳои байналмилалӣ таъмин карда мешавад. Ин нуктаро ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Иҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Вай таъкид намуд, ки аз ҳамаи ширкатҳои фароҳамкунандаи алоқаи мобилию интернет талаб мекунанд, ки меъёрҳои байналмилалиро дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ риоя намоянд. Атоев зикр намуд, ки аз 1 август бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон гирифтани пули нақд барои хизматрасониҳои пулакии ниҳодҳои давлатӣ мамнуъ мебошад ва барои татбиқи пардохтҳои ғайринақдӣ Хадамоти алоқа якҷоя бо ширкатҳою сохторҳои дигар кор карда истодааст. "Таъмини системаҳо ва амнияти он амалӣ карда шавад. Илова барои доимӣ дар алоқа будан, шабакаҳои захиравӣ низ фароҳам карда мешаванд", - гуфт ӯ. Ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муҳим хонд, ки шаҳрвандон ҳамаи симкортҳояшонро бо шиносномаҳои намунаи нави соли 2014 сабти ном кунанд ва инро барои таъмини амният муҳим хонд. Ҳатман тамоми истифодабарандагони интернети мобилӣ бояд ҳамёнҳои мобилӣ, корт ва дигар иттилоот дар пойгоҳҳоро бевосита ба номи худашон сабт кунанд, изҳор дошт ӯ. Ин таъкиди ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки бо фармони президент аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20230719/makotib-dushanbe-pardokhti-ghayrinaqdi-1058351784.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045615932_307:0:3038:2048_1920x0_80_0_0_3ff9c8d948d450ebf1401badf70034aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
илҳомҷон атоев, амният, пардохт, ғайринақдӣ
илҳомҷон атоев, амният, пардохт, ғайринақдӣ
Амнияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон таъмин аст?
Ҳукумати Тоҷикистон Бонки миллиро якҷоя бо Хадамоти алоқа ва дигар ниҳодҳои масъул муваззаф намудааст, ки амнияти пардохтҳои ғайринақдиро таъмин созанд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Амнияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои алоқаи мобилӣ, тибқи қолабу меъёрҳои байналмилалӣ таъмин карда мешавад.
Ин нуктаро ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Иҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки аз ҳамаи ширкатҳои фароҳамкунандаи алоқаи мобилию интернет талаб мекунанд, ки меъёрҳои байналмилалиро дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ риоя намоянд.
Атоев зикр намуд, ки аз 1 август бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон гирифтани пули нақд барои хизматрасониҳои пулакии ниҳодҳои давлатӣ мамнуъ мебошад ва барои татбиқи пардохтҳои ғайринақдӣ Хадамоти алоқа якҷоя бо ширкатҳою сохторҳои дигар кор карда истодааст.
"Таъмини системаҳо ва амнияти он амалӣ карда шавад. Илова барои доимӣ дар алоқа будан, шабакаҳои захиравӣ низ фароҳам карда мешаванд", - гуфт ӯ.
Ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муҳим хонд, ки шаҳрвандон ҳамаи симкортҳояшонро бо шиносномаҳои намунаи нави соли 2014 сабти ном кунанд ва инро барои таъмини амният муҳим хонд.
Ҳатман тамоми истифодабарандагони интернети мобилӣ бояд ҳамёнҳои мобилӣ, корт ва дигар иттилоот дар пойгоҳҳоро бевосита ба номи худашон сабт кунанд, изҳор дошт ӯ.
Ин таъкиди ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки бо фармони президент аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.