https://sputnik.tj/20230601/nohiyai-zafarobod-zamin-beob-khushk-1057473666.html
Дар ноҳияи Зафаробод заминҳо аз беобӣ хушк мешавад
Дар ноҳияи Зафаробод заминҳо аз беобӣ хушк мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Аз беобӣ даҳҳо гектар заминҳои корам, аз ҷумла макони "тиллои сафед"-и ноҳияи Зафаробод хушк шудааст. Деҳқонон дигар барои имсол умедашонро аз даст додаанд
2023-06-01T09:43+0500
2023-06-01T09:43+0500
2023-06-16T13:45+0500
дар тоҷикистон
зафаробод
кишоварзӣ
кишоварзӣ
замин
об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/05/1051896259_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_e0bf1e1a0d5a8ea9794f1dbb4efb2323.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Деҳқонони ноҳияи Зафаробод бо душворӣ ва умеди зиёд заминро шудгор карда, нуриҳо доданд, вале ҳамааш беҳуда шуд, зеро ҳосил аз беобӣ нобуд шуд. Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сокинони маҳаллии вилояти Суғд иттилоъ доданд. Масалан, деҳқон Файзулло Бахтиеров дар 9 гектар замин ҷав, гандум ва пахта кошт. Мардуми ҷамоати Равшан иддао доранд, ки заминҳои онҳо тавассути пойгоҳҳои обкашии "Мирзочул 1 ва 2" обёрӣ карда мешаванд, аммо дар соли 2023 онҳо дар вақташ дуруст ба кор андохта нашудаанд. Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати мелиоратсия ва обёрии Суғд, вазъи кунуниро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, таъмиру барқарорсозии муҳаррики онҳо вақти зиёдро талаб мекунад ва сабаби дер расидани об ба ҷамоати Равшан аст. Чунин системаҳои мураккаб дар вилоят кайҳо баста шудаанд, муҳлати хизмати онҳо аллакай якчанд маротиба гузаштааст, корашон хеле паст аст. Масъулини идораи об мегӯянд, барои навсозии муҳаррик маблағи ҳангуфт лозим аст, ки дар ҳоли ҳозир аз буҷаи давлат ҷудо кардани он ғайриимкон аст. Дар замони шӯравӣ Зафаробод яке аз минтақаҳои пахтакори Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва дар соли 1980 ҳаҷми истеҳсоли пахта ба рекорди 60 ҳазор тонна расид. Дар ҳоли ҳозир, ин минтақа дар Тоҷикистон яке аз минтақаҳои имтиёздор ба шумор меравад, ки сокинонаш аз замин ризқу рӯзии худро ба даст меоранд. Тибқи омори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар соли 2022 дар Зафаробод аз майдони 14 ҳазор гектар 30,5 ҳазор тонна "тиллои сафед" гирифта шудааст. Соли 2023 дар майдони ҳудуди 14 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки беш аз 25 дарсади майдони кишти пахта дар вилояти Суғдро ташкил медиҳад. Аммо мушкили беобӣ боиси хушкии киштзорҳо гардида, деҳқононро нигарон кардааст.
https://sputnik.tj/20230331/rahmon-kishti-punbadonaro-zafarobod-oghoz-1055875252.html
зафаробод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/05/1051896259_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_645bd1f14d83a4de7de57886cb29213e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ноҳия зафаробод замин беобӣ хушк
ноҳия зафаробод замин беобӣ хушк
Дар ноҳияи Зафаробод заминҳо аз беобӣ хушк мешавад
09:43 01.06.2023 (Навсозишуда: 13:45 16.06.2023) Эксклюзив
Аз беобӣ даҳҳо гектар заминҳои корам, аз ҷумла макони "тиллои сафед"-и ноҳияи Зафаробод хушк шудааст. Деҳқонон дигар барои имсол умедашонро аз даст додаанд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Деҳқонони ноҳияи Зафаробод бо душворӣ ва умеди зиёд заминро шудгор карда, нуриҳо доданд, вале ҳамааш беҳуда шуд, зеро ҳосил аз беобӣ нобуд шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сокинони маҳаллии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Масалан, деҳқон Файзулло Бахтиеров дар 9 гектар замин ҷав, гандум ва пахта кошт.
"Вақте ки ғаллаю пахта сабзид, об набуд, борон дуруст наборад ва замини корам хушк шуд", — мегуяд деҳқон.
Мардуми ҷамоати Равшан иддао доранд, ки заминҳои онҳо тавассути пойгоҳҳои обкашии "Мирзочул 1 ва 2" обёрӣ карда мешаванд, аммо дар соли 2023 онҳо дар вақташ дуруст ба кор андохта нашудаанд.
Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати мелиоратсия ва обёрии Суғд, вазъи кунуниро шарҳ дод.
"Пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод дар солҳои 1960-уми даврони шӯравӣ сохта шуда, кӯҳна шудаанд. Ба ҳамин далел фарсуда шудаанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, таъмиру барқарорсозии муҳаррики онҳо вақти зиёдро талаб мекунад ва сабаби дер расидани об ба ҷамоати Равшан аст. Чунин системаҳои мураккаб дар вилоят кайҳо баста шудаанд, муҳлати хизмати онҳо аллакай якчанд маротиба гузаштааст, корашон хеле паст аст.
Масъулини идораи об мегӯянд, барои навсозии муҳаррик маблағи ҳангуфт лозим аст, ки дар ҳоли ҳозир аз буҷаи давлат ҷудо кардани он ғайриимкон аст.
Дар замони шӯравӣ Зафаробод яке аз минтақаҳои пахтакори Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва дар соли 1980 ҳаҷми истеҳсоли пахта ба рекорди 60 ҳазор тонна расид.
Дар ҳоли ҳозир, ин минтақа дар Тоҷикистон яке аз минтақаҳои имтиёздор ба шумор меравад, ки сокинонаш аз замин ризқу рӯзии худро ба даст меоранд.
Тибқи омори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар соли 2022 дар Зафаробод аз майдони 14 ҳазор гектар 30,5 ҳазор тонна "тиллои сафед" гирифта шудааст.
Соли 2023 дар майдони ҳудуди 14 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки беш аз 25 дарсади майдони кишти пахта дар вилояти Суғдро ташкил медиҳад.
Аммо мушкили беобӣ боиси хушкии киштзорҳо гардида, деҳқононро нигарон кардааст.