Путин даъват кард, ки мавзӯи ғизо барои мақсадҳои ношоиста истифода нашавад

© Фотохост-агентство РИА Новости / Гузариш ба медиабонкПМЭФ-2023. Президент РФ В. Путин на пленарном заседании
ПМЭФ-2023. Президент РФ В. Путин на пленарном заседании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Обуна шудан
Раҳбари Русия мегӯяд, зидди истифодаи мавзӯи ғизо бо мақсадҳои сиёсӣ буда, кишвараш таъминкунандаи бомасъулияти маҳсулоти кишоварзӣ аст
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Русия ҳамеша як таъминкунандаи масъулиятшиноси маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ба таври ройгон ба кишварҳои ниёзманд хоҳад буд.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин, зимни як суханронӣ дар ҳамоише бо сарони кишварҳои африқоӣ дар Петерберг изҳор дошт.
"Такрор мекунам, ки шумо, дӯстони азиз, итминон дошта бошед, ки Русия ҳамеша як таъминкунандаи байналмилалии масъулиятшиноси маҳсулоти кишоварзӣ хоҳад буд ва мо минбаъд низ аз кишварҳо ва минтақаҳои ниёзмандтарин дастгирӣ хоҳем кард",- гуфт президент.
Ӯ гуфт, ки Маскав ғалла ва дигар маводи ғизоии худро ройгон ва инчунин дар чаҳорчӯби барномаи озуқавории СММ мефиристад.
"Дирӯз, чунон ки медонед, мо эълон карда будем, ки зарфи се-чор моҳи оянда ба ҳар шаш кишвари Африқо дар ҳаҷми 25-50 ҳазор тонна ғалла мефиристем",- гуфт Путин.
Ба гуфтаи президент, Русия ва кишварҳои Африқо якҷоя зидди истифодаи чунин мавзӯъҳои муҳим, аз қабили иқлим, ҳифзи ҳуқуқи башар ва масоили гендерӣ ба ҳадафҳои сиёсии номатлуб мебошанд.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
Шартҳо иҷро нашуданд: нуқоти муҳиме, ки Путин дар бораи созишномаи ғалла гуфт
Дар идома раҳбари Русия, вазъият дар бисёре аз минтақаҳои Африқо ноустувор хонд, ки ин ба таъкиди вай, боқимондаи мероси вазнини мустамликадорӣ ва сиёсати "тақсим кун ва ҳукмрон кун" аст.
"Мо инчунин бояд иқрор шавем, ки вазъият дар бисёр минтақаҳои Африқо ҳанӯз ноустувор аст. Ихтилофоти миллию этникӣ бартараф нашудаанд, буҳронҳоии шадиди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ давом доранд.. Ин, албатта, мероси вазнини давраи мустамликадорӣ мебошад. Ин сиёсати "тақсим кун ва ҳукм рон" аз ҷониби ғарбиён дар Африқо буд", - гуфт вай.
Лентаи хабарҳо
0