"Ҳама ба Wi-Fi!": Навгонӣ дар ошхонаю меҳмонхонаҳои Тоҷикистон баъди гилаи як сайёҳ

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкWi-Fi. Архивное фото
Wi-Fi. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як ҷаласаи муштарак тамоми ошхонаву меҳмонхонаҳои кишварро муваззаф кардаанд, ки Wi-Fi – интернети бесим гузаронанд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Барои беҳбуди сифати хизматрасониҳо меҳмонон дар Тоҷикистон меҳмонхонаю ошхонаҳо ба интернети беноқил мегузаранд ва татбиқи барнома аллакай шуруъ шудааст.
Муовини раиси Хадамоти алоқа, Илҳомҷон Атоев ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи як ҷаласаи муштараки мақомоти масъул, ки ба хотири эҷоди суҳулатҳо барои сайёҳони хориҷӣ дар кишвар баргузор шуд, ҳамчунин тасмим гирифта шудааст.
"Як сайёҳи хориҷӣ шахсан ба банда гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳама чӣ – об, ҳаво, хӯрок ва дигар шароит мусбат – плюс аст, аммо як чизи манфӣ – минус ҳаст, ки он ҳам интернети бесим аст", - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд, феълан барои он ки як сайёҳи хориҷӣ ба интернет даст ёбад, бояд симкорти ширкатҳои мобилии маҳаллиро харидорӣ кунад.
"Аз ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки дар тамоми ошхонаву меҳмонхонаҳо тадриҷан минтақаи интернети бесим - Wi-Fi ташкил шавад”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.
Вай афзуд, ба ин манзур кормандони Хадамоти алоқа бо иттифоқи мақомоти дигар ба ошхонаву меҳмонхонаҳо рафта, бо масъулини онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Шумори симкортҳои фаъол дар Тоҷикистон садҳо ҳазор кам шуд
“Умедворем, ки то охири соли равон тамоми ошхонаву меҳмонхонаҳои Тоҷикистон соҳиби Wi-Fi хоҳанд шуд, ки нафъи он на фақат барои сайёҳони хориҷӣ, балки мардуми одӣ низ хоҳад расид”, - гуфт ноиби раиси Хадамоти алоқа
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумораи истифодабарандагони интернет, ба шумули интернети мобилӣ ва собит дар кишвар 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 300 ҳазор нафар зиёд аст, аммо дар қиёс бо нишондодҳои 1 январи соли равон бетағйир мондааст.
Лентаи хабарҳо
0