https://sputnik.tj/20230714/charo-simkortho-tojikiston-masdud-tafsilot-1058259753.html
Чаро симкортҳо дар Тоҷикистон ба таври густурда масдуд шудаанд? - тафсилот
Чаро симкортҳо дар Тоҷикистон ба таври густурда масдуд шудаанд? - тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабаби масдуд шудани садҳо ҳазор симкортро шарҳ дод ва ҳамчунин гуфт, ки оё ин амал аз ҷониби давлат идома хоҳад ёфт ё хайр
2023-07-14T10:21+0500
2023-07-14T10:21+0500
2023-07-14T12:07+0500
дар тоҷикистон
симкортҳо
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1e/1054567661_643:805:2852:2048_1920x0_80_0_0_e0b1f0eae66b46199045474024e1d804.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз қатъ кардани беш аз 900 ҳазор симкорт дар кишвар хабар дод. Ин тасмим дар пайи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 13 феврали соли равон гирифта шудааст. Маркази матбуоти Хадамоти алоқа ба Sputnik Тоҷикистон дар шарҳи ин матлаб гуфт, ин ниҳод дар пайи иҷрои қарор бо иттифоқи ниҳодҳои қудратӣ ва ширкатҳои алоқаи мобилӣ, санҷиши хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқиро пайгирӣ кардааст. Тибқи иттилоъи Хадамоти алоқа, теъдоди симкортҳои бақайдгирифташуда - шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ - истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон 8 миллиону 302 ҳазору 529 рақамро ташкил медиҳад, ки аз ин 7 миллиону 377 ҳазору 255 рақам бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 (ID корт) аз нав бақайдгириро гузаштаанд. Фақат аз 1 феврал то 28 июни соли равон 851 ҳазору 169 симкорт бо шиносномаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифта ё сабти ном шудаанд. Ин манбаъ гуфт, аз 7 миллиону 377 ҳазору 255 рақаме, ки аз нав ба қайд гирифта шудаанд, 5 миллиону 643 ҳазору 454 рақам фаъол буда, 925 ҳазору 274 симкорт ба иллати нагузаштан аз бақайдгирӣ қатъ карда шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон 30 апрели соли 2016 бо як қарор "Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” марҳалаи аз нав бақайдигирии симкортҳо бо шиноснома ё ID корти соли 2014 – ро оғоз бахшида буд. Ин барнома ҳамасола то 15 феврал идома мекунад ва бар хилофи овозаҳо, ки соли равон барои аз нав ба қайдгириро нагузаштан эҳтимоли муҷозоти маъмурии муштариён вуҷуд дорад, 13 феврали соли равон дигарбора муҳлати ин онро то 15 феврали соли 2024 тамдид намуд. Аммо ин дафъа бар хилофи солҳои пешин Хадамоти алоқа эълон кард, ки симкортҳои аз нав бақайдгирӣ нагузаштаро қатъ хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230423/tashkil-dasturi-beg-sabur-khadamoti-aloqa-internet-1056629504.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1e/1054567661_929:606:2852:2048_1920x0_80_0_0_cec6fc42d2233b8a13df2bb0d29155f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
симкортҳо тоҷикистон густурда масдуд тафсилот
симкортҳо тоҷикистон густурда масдуд тафсилот
Чаро симкортҳо дар Тоҷикистон ба таври густурда масдуд шудаанд? - тафсилот
10:21 14.07.2023 (Навсозишуда: 12:07 14.07.2023) Эксклюзив
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабаби масдуд шудани садҳо ҳазор симкортро шарҳ дод ва ҳамчунин гуфт, ки оё ин амал аз ҷониби давлат идома хоҳад ёфт ё хайр
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз қатъ кардани беш аз 900 ҳазор симкорт дар кишвар хабар дод. Ин тасмим дар пайи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 13 феврали соли равон гирифта шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти алоқа ба Sputnik Тоҷикистон дар шарҳи ин матлаб гуфт, ин ниҳод дар пайи иҷрои қарор бо иттифоқи ниҳодҳои қудратӣ ва ширкатҳои алоқаи мобилӣ, санҷиши хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқиро пайгирӣ кардааст.
“Рақамҳое, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият доштанд ва аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ хомуш карда шуданд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилоъи Хадамоти алоқа, теъдоди симкортҳои бақайдгирифташуда - шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ - истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон 8 миллиону 302 ҳазору 529 рақамро ташкил медиҳад, ки аз ин 7 миллиону 377 ҳазору 255 рақам бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 (ID корт) аз нав бақайдгириро гузаштаанд.
Фақат аз 1 феврал то 28 июни соли равон 851 ҳазору 169 симкорт бо шиносномаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифта ё сабти ном шудаанд.
Ин манбаъ гуфт, аз 7 миллиону 377 ҳазору 255 рақаме, ки аз нав ба қайд гирифта шудаанд, 5 миллиону 643 ҳазору 454 рақам фаъол буда, 925 ҳазору 274 симкорт ба иллати нагузаштан аз бақайдгирӣ қатъ карда шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон 30 апрели соли 2016 бо як қарор "Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” марҳалаи аз нав бақайдигирии симкортҳо бо шиноснома ё ID корти соли 2014 – ро оғоз бахшида буд.
Ин барнома ҳамасола то 15 феврал идома мекунад ва бар хилофи овозаҳо, ки соли равон барои аз нав ба қайдгириро нагузаштан эҳтимоли муҷозоти маъмурии муштариён вуҷуд дорад, 13 феврали соли равон дигарбора муҳлати ин онро то 15 феврали соли 2024 тамдид намуд.
Аммо ин дафъа бар хилофи солҳои пешин Хадамоти алоқа эълон кард, ки симкортҳои аз нав бақайдгирӣ нагузаштаро қатъ хоҳад кард.