https://sputnik.tj/20230719/makotib-dushanbe-pardokhti-ghayrinaqdi-1058351784.html
Макотиби Душанбе ба пардохти ғайринақдӣ мегузаранд
Макотиби Душанбе ба пардохти ғайринақдӣ мегузаранд
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби вазири маориф ва илми Тоҷикистон пардохти пули китобҳои дарсии хонандагонии макотибро ба таври ғайринақдӣ тақозои замон арзёбӣ кард
2023-07-19T17:18+0500
2023-07-19T17:18+0500
2023-07-19T17:20+0500
дар тоҷикистон
маориф
иқтисод
пардохт
вазорати маорифу илми тоҷикистон
корт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102727/53/1027275342_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_8bd4eddada5fb36f2ce091619194bb12.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Шакли ғайринақдии пардохт аз моҳи август дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахти Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон волидони хонандагон имкон хоҳанд дошт, ки маблағи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии пойтахтро ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд. Манбаъ афзуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи гурӯҳи кории машваратӣ оид ба механизми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар самти ҷамъоварӣ намудани маблағҳои китобҳои дарсӣ баррасӣ шуд. Муовини вазири маориф ва илм, Баҳром Исмоилзода, Дилшод Сафарзода ҳамроҳ бо сардорони бахши маориф, мудирони макотиб ва намояндагони ташкилотҳои амонативу қарзӣ масъалаи мазкурро баррасӣ намудаст. Дар Тоҷикистон бо фармони президент аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.Ахиран Бонки миллӣ аз корхонаю шаҳрвандони Тоҷикистон хост, барои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ омода бошад.Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд, гуфт ин ниҳод.Аҳолӣ метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд, омадааст дар иттилоия.
https://sputnik.tj/20230719/korhoi-fahmondadihi-guzarish-pardokhthoi-ghayrinaqdi-tojikiston-1058340255.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102727/53/1027275342_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_619ce76fa5d4354af51334208fac081b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пул китоб, ғайринақдӣ, пардохт, макотиб, арзёбӣ
пул китоб, ғайринақдӣ, пардохт, макотиб, арзёбӣ
Макотиби Душанбе ба пардохти ғайринақдӣ мегузаранд
17:18 19.07.2023 (Навсозишуда: 17:20 19.07.2023) Ноиби вазири маориф ва илми Тоҷикистон пардохти пули китобҳои дарсии хонандагонии макотибро ба таври ғайринақдӣ тақозои замон арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Шакли ғайринақдии пардохт аз моҳи август дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахти Тоҷикистон ҷорӣ мешавад.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон волидони хонандагон имкон хоҳанд дошт, ки маблағи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии пойтахтро ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.
Манбаъ афзуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи гурӯҳи кории машваратӣ оид ба механизми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар самти ҷамъоварӣ намудани маблағҳои китобҳои дарсӣ баррасӣ шуд.
Муовини вазири маориф ва илм, Баҳром Исмоилзода, Дилшод Сафарзода ҳамроҳ бо сардорони бахши маориф, мудирони макотиб ва намояндагони ташкилотҳои амонативу қарзӣ масъалаи мазкурро баррасӣ намудаст.
Дар Тоҷикистон бо фармони президент аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
Ахиран Бонки миллӣ аз корхонаю шаҳрвандони Тоҷикистон хост, барои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ омода бошад.
Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд, гуфт ин ниҳод.
Аҳолӣ метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд, омадааст дар иттилоия.