https://sputnik.tj/20230727/zahroludshudaho-korkhona-danghara-shahrvandon-tojikiston-1058477815.html
"Заҳролудшудаҳои" корхонаи нассоҷии Данғара шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
"Заҳролудшудаҳои" корхонаи нассоҷии Данғара шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ҳама нафарони муроҷиаткарда дар ҳолати худ қарор дошта, ягон нишонаҳои заҳролудшавӣ дар онҳо мушоҳида нашудааст
2023-07-27T15:21+0500
2023-07-27T15:21+0500
2023-07-27T16:52+0500
дар тоҷикистон
саноат
данғара
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2d410597b8010e9af1eb7c563c2e8a31.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳодиса бо кормандони корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”, ки ахиран сурат гирифта буд, ки ягон мушкилии ҷиддӣ надошт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъ 15 нафар ба беморхона муроҷиат карданд, ки 14 нафар пас аз як соати боздид ҷавоб шуданд. Ҳарчанд дар расонаҳо хабарҳое нашр шуд, ки ин афрод шаҳрвандони Чин ҳастанд, аммо аз Раёсати тандурустии вилоят инро рад карданд.Афроди муроҷиаткарда, ба гуфтаи ин ниҳод, ҳама сокинони маҳаллӣ буданд.“Дар онҳо нишонаҳои заҳролудшавӣ пайдо нашуд ва тавре ҳама хуб медонем ҳаво ҳоло гарм аст ва шояд аз гармии баланди ҳаво, ки дар корхонаҳо бештар эҳсос мешавад, беҳол шудаанд”, - гуфт мавсуф.Гуфта мешавад, барои баррасии вазъ ва ташхис мутахассисон ҳатто аз вилоят ва пойтахт низ омада буданд.Корхонаи мазкур бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки марҳилаи аввали он бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна пахта дар соли 2014 ба истифода дода шуд.Марҳилаи дуввуми он соли 2016 ва сеюмаш соли 2022 ба истифода дода шуд, ки коркарди маҳсулоти пахтагиро то ҳадди ниҳоӣ ба роҳ мондааст.
https://sputnik.tj/20230727/holat-marg-korgaron-kon-tojikiston-ziyod-1058471652.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_351:0:3072:2041_1920x0_80_0_0_12b571a318558913860f6d784a025f88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"заҳролудшудаҳои" корхона ресандаг данғара шаҳрвандон тоҷикистонанд.
"заҳролудшудаҳои" корхона ресандаг данғара шаҳрвандон тоҷикистонанд.
"Заҳролудшудаҳои" корхонаи нассоҷии Данғара шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
15:21 27.07.2023 (Навсозишуда: 16:52 27.07.2023) Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ҳама нафарони муроҷиаткарда дар ҳолати хуб қарор дошта, ягон нишонаҳои заҳролудшавӣ дар онҳо мушоҳида нашудааст
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳодиса бо кормандони корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”, ки ахиран сурат гирифта буд, ки ягон мушкилии ҷиддӣ надошт.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъ 15 нафар ба беморхона муроҷиат карданд, ки 14 нафар пас аз як соати боздид ҷавоб шуданд.
“Танҳо як духтар, ки каме ҳолати дилбеҳузурӣ дошт, ӯ низ пас аз як шабонарӯз рухсат шуд. Муроҷиаткардагон ҳоло вазъашон хуб аст”, - афзуд манба.
Ҳарчанд дар расонаҳо хабарҳое нашр шуд, ки ин афрод шаҳрвандони Чин ҳастанд, аммо аз Раёсати тандурустии вилоят инро рад карданд.
Афроди муроҷиаткарда, ба гуфтаи ин ниҳод, ҳама сокинони маҳаллӣ буданд.
“Дар онҳо нишонаҳои заҳролудшавӣ пайдо нашуд ва тавре ҳама хуб медонем ҳаво ҳоло гарм аст ва шояд аз гармии баланди ҳаво, ки дар корхонаҳо бештар эҳсос мешавад, беҳол шудаанд”, - гуфт мавсуф.
Гуфта мешавад, барои баррасии вазъ ва ташхис мутахассисон ҳатто аз вилоят ва пойтахт низ омада буданд.
Корхонаи мазкур бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки марҳилаи аввали он бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна пахта дар соли 2014 ба истифода дода шуд.
Марҳилаи дуввуми он соли 2016 ва сеюмаш соли 2022 ба истифода дода шуд, ки коркарди маҳсулоти пахтагиро то ҳадди ниҳоӣ ба роҳ мондааст.