Ҳолатҳои марги коргарон дар конҳои Тоҷикистон зиёд шудааст

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкШахта, архивное фото
Шахта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
Обуна шудан
Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон наздики 47 куштаю маҷруҳ бар ҷой гузоштааст
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот дар Тоҷикистон тайи шашмоҳаи аввали соли равон афзоиш ёфта 26 куштаю 21 маҷруҳ барҷой гузоштаанд
Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2022 нишондод дар ин соҳа ба 14 куштаю 25 маҷруҳ баробар буд.
Дар ин бора Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар соли равон 30 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуд, ки бархеяшон маргбор шудаанд.
Шахта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Ҳалокати ду сокини Исфара аз ихроҷи газ дар кони “Ангишт”-и Шӯроб
Мавсуф мегӯяд, сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳо инҳоянд:
бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса;
беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок;
риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок;
риоя накардани технологияи коркарди кон,
надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошанд.
Санъат Раҳим иттилоъ дод, ки дар маҷмуъ тайи нимсолаи аввали соли равон 166 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳо барои саҳлангорӣ муҷозот шудаанд.
Вай афзуд, дар фаъолияти масъулини муҷозотшуда нақзи талаботи қонунгузории амалкунанда дар бахши бехатарии корҳо ба қайд гирифта шудааст. Дастандаркорон ба маблағи беш аз 690 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0