Ҷаҳиши қимати ғалла баъд аз қатъи созишнома аз ҷониби Русия

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЗерно в цехе
Зерно в цехе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Обуна шудан
Баъд аз эълони Русия дар бораи қатъи Созиши ғалла қимати он дар бозорҳои ҷаҳонӣ якбора боло рафт. Русия гуфт, то талаботҳояш иҷро нашаванд, созишнома тамдид намешавад
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар пайи эълони Русия аз қатъи Созиши ғалла, қимати он дар биржаи Чикаго якбора боло рафт. Дар ин бора арқоми ахири хариду фурӯши ғалла дар ин биржа шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тариқ, то соати 12:06 ба вақти Маскав фючерсҳои як бушел барои таҳвили моҳи сентябр то 6,89 доллар боло рафт ва то соати 12:23 онҳо ба 6,84 доллар (3,37 дарсад афзоиш) фурӯхта мешуд.
Ин рақамҳо пас эълони сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков болоравиро шурӯъ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Оқои Песков гуфт созишнома дар бораи хариду фурӯши ғалла воқеан қатъ шуд. Дар ҳамин ҳол, Песков афзуд, агар бахши русии ин созиш иҷро шавад, Маскав фавран ба созишнома бармегардад.
Вазорати корҳои хориҷаи Русия тавзеҳ дод, ки расман Туркия, Украина ва СММ-ро дар бораи эътироз ба тамдиди созиш огоҳ кардааст.
Киштии боркаш дар бандари Одесса, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Украинаро аз қатъи созишномаи ғалла огоҳ карданд
Ҳамин тариқ, Русия кафолати бехатарии киштиҳоро бекор мекунад ва долони башарии баҳриро дар шимолу ғарби Баҳри Сиёҳ мебандад.
Созиши Баҳри Сиёҳ, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ ба имзо расида буд, содироти ғалла, ғизо ва нуриҳои украинӣ тавассути Баҳри Сиёҳ ва лағви маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти кишоварзии Русия ва нуриҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, яке аз бандҳои муҳим ин пайваст кардани "Росселхозбанк" ба системаи SWIFT, аз нав ба роҳ мондани таъминоти техникии бахши кишоварзӣ ва қисмҳои эхтиётӣ, баркарор намудани кори лӯлаи амиаки Толятти — Одесса буд.
Аммо Маскав борҳо таъкид кардааст, ки ин созиш яктарафа кор мекунад ва бандҳо дар бораи Русия кор намекунад ва ғаллаи Украина умдатан ба Аврупо фиристода мешавад, на ба кишварҳои ниёзманди Африқо.
Лентаи хабарҳо
0