https://sputnik.tj/20230727/kohishi-sodirshavi-jinoyat-viloyati-khatlon-1058481582.html
Коҳиши содиршавии ҷиноят дар вилояти Хатлон
Коҳиши содиршавии ҷиноят дар вилояти Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Прокурори вилояти Хатлон ахиран ба рӯзноманигорон гуфт, ки содиршавии ҷиноят дар қаламрави вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% кам шудааст
2023-07-27T18:40+0500
2023-07-27T18:40+0500
2023-07-27T20:04+0500
дар тоҷикистон
хатлон
прокуратура
додситонӣ
коҳиш
сатҳи ҷинояткорӣ
парванда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1b/1058481943_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_5a7e9e39958ea9708727ab9a4e0e5323.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон сатҳи ҷинояткорӣ дар 6 моҳи соли равон тамоюли пастравӣ доштааст, иттилоъ дод прокурори вилоят Абдураҳим Раҳимзода зимни нишасти матбуотиаш ба хабарнигорон.Ба гуфтаи вай, ҷинояткорӣ нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 342 ҷиноят ё 9,6% кам содир шудааст.Оқои Раҳимзода зимни нишасти матбуотиаш қайд кард, ки дар 6 моҳи соли равон 3221 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст ва 38%-и ин ҷиноятҳоро кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор намудаанд.Қайд гардид, ки дар ин давра ба прокуратураи вилоят 3643 муроҷиат ворид гардидааст, ки бештари муроҷиатҳо ба замин ва қонунвайронкунӣ дар ин самт марбут мебошад.Оқои Раҳимзода илова кард, ки барои бартарафсозии онҳо 1973 нафар роҳбарони мақомотҳои дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳои ба замин алоқаманд 300 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки кормандони мақомоти прокуратураи вилоят бо дарназардошти афзоиши башиддати садамаҳои воситаҳои нақлиёт 1717 қонунвайронкуниро ошкор ва ҷиҳати рафъи қонунвайронкуниҳо 689 санади прокурорӣ тартиб доданд.“Бо баррасии онҳо 969 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”, - афзуд додситони Хатлон.
https://sputnik.tj/20230726/khatlon-bungohi-tabbi-khonai-shakhsi-vagon-1058462055.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1b/1058481943_210:0:1170:720_1920x0_80_0_0_7b2fdc6167efab1984d4738e91844d29.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, ҷинояткорӣ, коҳиши содири ҷиноят, прокурор, додситон
тоҷикистон, хатлон, ҷинояткорӣ, коҳиши содири ҷиноят, прокурор, додситон
Коҳиши содиршавии ҷиноят дар вилояти Хатлон
18:40 27.07.2023 (Навсозишуда: 20:04 27.07.2023) Прокурори вилояти Хатлон ахиран ба рӯзноманигорон гуфт, ки содиршавии ҷиноят дар қаламрави вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% кам шудааст
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон сатҳи ҷинояткорӣ дар 6 моҳи соли равон тамоюли пастравӣ доштааст, иттилоъ дод прокурори вилоят Абдураҳим Раҳимзода зимни нишасти матбуотиаш ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи вай, ҷинояткорӣ нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 342 ҷиноят ё 9,6% кам содир шудааст.
Оқои Раҳимзода зимни нишасти матбуотиаш қайд кард, ки дар 6 моҳи соли равон 3221 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст ва 38%-и ин ҷиноятҳоро кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор намудаанд.
Қайд гардид, ки дар ин давра ба прокуратураи вилоят 3643 муроҷиат ворид гардидааст, ки бештари муроҷиатҳо ба замин ва қонунвайронкунӣ дар ин самт марбут мебошад.
“Дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 97 санҷиш гузаронида, 3794 қонунвайронкунӣ ошкор гардид”, - гуфт ӯ.
Оқои Раҳимзода илова кард, ки барои бартарафсозии онҳо 1973 нафар роҳбарони мақомотҳои дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳои ба замин алоқаманд 300 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки кормандони мақомоти прокуратураи вилоят бо дарназардошти афзоиши башиддати садамаҳои воситаҳои нақлиёт 1717 қонунвайронкуниро ошкор ва ҷиҳати рафъи қонунвайронкуниҳо 689 санади прокурорӣ тартиб доданд.
“Бо баррасии онҳо 969 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”, - афзуд додситони Хатлон.