Дар Хатлон то ҳол 15 бунгоҳи таббӣ дар хонаи шахсӣ асту якеш дар вагон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие Центральной больницы в Горно-Матчинском районе
Открытие Центральной больницы в Горно-Матчинском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон ахиран хабар доданд, ки дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 4160 табиб фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то ҳол 15 бунгоҳи саломатӣ дар хонаҳои шахсӣ қарор дорад.
Дар ин бора сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарипов дар нишасти хабарӣ баён дошт.
Ҳамзамон вай қайд кард, ки аз бунгоҳҳои саломатӣ 15 ададашон дар мактабҳо, 1 ададаш дар вагон ва 4 маркази саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббии дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Вай афзуд, ки мушкилии дигари соҳаи тандрустӣ ин норасоии кадр аст.
Оқои Шарипов қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар вилояти Хатлон 778 воҳиди корӣ, яъне 630 корманди тиб намерасад.
Мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони СММ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Вилояти Хатлон лоиҳаие наверо дар самти бунёди корхонаҳои хурд таҳия кардааст
Вай зикр кард, ки рафтани пизишкон ба муҳоҷирати корӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 50 дарсад коҳиш ёфта, дар ин давра 22 пизишке, ки ба муҳоҷиарти меҳнатӣ рафта буданд, дубора ба корашон баргаштаанд.
“Аксари табибоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафта буданд, баъди чанд муддат баргашта, дар ҷойи кории собиқашон фаъолият бурда истодаанд", - гуфт сардори Раёсати тандурустии вилоят.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳолати1 июли соли 2023 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 4160 табиб ва 21053 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият карда истодаанд.
Оқои Шарипов илова кард, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 13 ҳолати фавти модарон ҳангоми зоймон ба қайд гирфита шудааст, ки ин нисбати 6 моҳи соли 2022-юм 1 нафар зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0