Барои чӣ “Геран”-ҳо ва “Оникс”-ҳои русиягӣ сӯи Дунай парвоз доранд

© AFP 2023 / SERGEI SUPINSKYБеспилотник в небе, архивное фото
Беспилотник в небе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
Обуна шудан
Артиши Русия ҳар шабонарӯз ба иншоотҳои ҳарбӣ дар театри амалиёти ҷангии украинӣ, аз ҷумла - дар бандарҳои Баҳри сиёҳ ва Дунай зарбаҳои омехта мезананд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Русия намегузорад, ки силоҳи натогӣ ба Украина тавассути роҳҳои баҳрӣ ва дарёӣ беохир ва беҷазо интиқол дода шавад.
Зарбаҳои омехтаи артиши Русия боркашонии баҳрисиёҳӣ ва дунайӣ, анборҳои наздисоҳилии маҳсулоти нафтӣ, силоҳхонаҳо ва анбори қисмҳои эҳтиётиро пайдарпай безарар мегардонад.
"Маҷмааи интиқол "аз ҷониби "Геран"-ҳо ва "Оникс"-ҳо амалан дар сесад метр аз қаламрави руминиягии НАТО нобуд карда шуда истодааст....”
Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳар рӯз ба иншоотҳои низомӣ дар театри амалиёти ҷангии украинӣ, аз ҷумла - дар бандарҳои баҳрисиеҳӣ ва дунайӣ зарбаҳои омехта мезананд.
Шаби бар 24 июл танҳо дар фазои шаҳри бандарии Рени 15 ҳавопаймои бесарнишини русиягии "Геран -2" мушоҳида гардиданд, таркишҳо дар Измаил ва Вилково низ ба амал омаданд. Фармондеҳии украинии "Ҷануб" зарбаро ба "иқтидорҳои муайяни бандарӣ" тасдиқ намуд.
Большой десантный корабль Цезарь Куников  на учениях Черноморского флота в Крыму - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина талош кард ба киштии ҷангии Русия дар Баҳри сиёҳ ҳамла кунад
Рӯзномаи The New York Times оҷилан дар бораи хатари "муқовимати мустақим бо узви НАТО" ва ба 6% болоравии нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ матлаб нашр намуд. Албатта, "созишномаи ғалла" - як ҳилаи ба хубӣ рӯйпӯшкарданашудаест, ки зери ниқоби он Ғарб мехост интиқоли яроқро ба қувваҳои мусаллаҳи Украина пинҳон дорад.
Бандари Рени, ки дар соҳили чапи дарёи Дунай ҷойгир аст, муҳимтарин гиреҳи нақлиетии дарёӣ, баҳрӣ, автомобилӣ ва роҳиоҳании Украина мебошад, ки то 24 июл роҳи алтернативӣ ба бандари Одесса ҳисобида мешуд.
Аз ин сабаб - вокуниши дардноки Ғарб, "овозандозии башардӯстона”–и ВАО-и амрикоӣ пас аз зарбаи русиягӣ.
Аммо хонандагони равшанфикри рӯзномаи руминии Adevărul ба таври худ шарҳ медиҳанд.
"Русия дигар ба ҳеҷ сурат иҷозат намедиҳад, ки содироти ғаллаи украинӣ ба сифати ниқоб барои интиқоли силоҳ аз Ғарб ба Украина хизмат кунад. Ин ҳамлаи мунтазам ба инфрасохтори бандарии ҳоло ба Киев дастнорас ба бастани роҳи ҷанубии интиқоли силоҳ ва аслиҳа нигаронида шудааст," - менависанд руминиягиҳо.

Мавқеи комилан тарафдори русиягӣ

Имрӯз Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко изҳор дошт: "Мо намегузорем, ки ҳавзаи Баҳри сиёҳ барои интиқоли силоҳ ба Украина, барои истифодаи он барои мақсадҳои харобкорӣ ва ҳадафҳои террористӣ истифода карда шавад ".
Запуск ракеты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зарбаи Русия ба маконҳои омодасозии ҳамлаҳои террористӣ дар Украина
Пештар, 19 июл, мушакҳои русии "Оникс " ва Х-22 инфрасохтори бандари вилояти Одессаро аз кор бароварданд. Маҷмааҳои мушакии соҳилии Қрим
"Бастион" 21 июл дар пули муҳими стратегӣ дар Заток бо
"Оникс"-ҳо корбарӣ доштанд.
Фармондеҳии артиши Украина эътироф кард, ки “Оникс”-ҳои фаросавтии русиягӣ ва мушакҳои ҳавоии Х-22 барои воситаҳои мудофиаи ҳавоии украинӣ (натогӣ) ноаёнанд. Шикасти бандарҳои баҳриву дарёӣ ва инфрасохтори наздисоҳилӣ имкониятҳои логистикӣ ва ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро маҳдуд месозад. .

Иҷборан ба ҷаҳони нав

Амрикоиҳо аз он шикоят доранд, ки Украина қаблан тавассути бандарҳои Дунай дар як моҳ тақрибан 2 миллион тонна ғалла содирот мекард, лек - ин чизи асосӣ нест.
Таъминкунандагони ғарбии силоҳ ба режими киев хатсайрҳои боэътимоди баҳрӣ ва дарёиро таҳия намудаанд. "Ҷараёни оҳанӣ" аз ИМА ба Аврупо асосан тавассути роҳҳои обӣ ҳаракат дорад. Аз бандарҳои Олмон, Нидерланд ва Лаҳистон борҳои ҳарбӣ ба Украина тавассути нақлиети роҳи оҳан, автомобилӣ ва дареӣ интиқол меёбанд.
Воқеан, роҳи обӣ - зудтарин нест, аммо нисбат ба дигар роҳҳо бехатартар ва ҳаҷми интиқол қариб номаҳдуд аст. Аз Роттердам то Рейн, сипас тавассути канали Майн – Дунай, ва тамоми роҳи дарёӣ то Исмоил ва Рени тақрибан 10 шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Ғарб аз натоиҷи ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ноумед шудааст
Дар ин муддат як киштии боркашон барои қувваҳои мусаллаҳи Украина тақрибан 7 ҳазор тонна силоҳ ва аслиҳаро - зиёда аз 4 эшелони роҳи оҳан бо 70 вагон бо танкҳо, мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизом, артиллерия ва аслиҳа - интиқол медиҳад. Тақдири минбаъдаи бандарҳои украинӣ дар Дунай комилан норавшан аст.
Русия ҳадафҳои амалиёти вижаи низомиро тағйир намедиҳад ва тасодуфӣ нест, ки шиддатнокии зарбаҳо ба самти Николаев, Одесса, Измаил, Рени мекӯчад.
Дар зарфияти наздик - таҳриби логистикаи аврупоишарқии НАТО, ва сухан дар бораи таъминоти кунунии силоҳ “барои нигоҳ доштани шалвор”-и артиши Украина намеравад.
Фармондеҳи гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ, генерал-лейтенант Андрей Мордвичев 23 июл дар навори яке аз шабакаҳои марказии телевизионии русиягӣ замони ба анҷом расидани "ҳамлаҳои ҷавобӣ"-и украиниро то тирамоҳ пешгӯӣ кард ва ошкоро ба савол дар бораи давомнокии амалиёти ҷангӣ посух гуфт.
"Вақти кофӣ сарф кардан лозим меояд. Дар бораи мӯҳлатҳои муайян фикр кардан маъние надорад. Агар мо дар бораи Аврупои Шарқӣ сухан ронем, ки ба мо лозим меояд ... Албатта, он тӯлонитар хоҳад буд",- изҳор дошт Мордвичев.
Иттифоқчии боэътимоди русигӣ - Беларус 22 июл ворид намудани тағйиротро ба қонунгузории мудофиа ба анҷом расонид.
Проведение спецоперации ВС РФ в южном направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Вокуниши Кремлин ба ҳамлаи паҳподии Украина ба нерӯгоҳи ҳастаии Курск
Минбаъд мувофиқи Қонун таҳти № 292 "фиристодани хизматчиени ҳарбӣ, кормандони ташкилотҳои ҳарбикунонидашуда, шахсони дигар ба берун аз қаламрави Ҷумҳурии Беларус барои иштирок дар таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва барои фаъолият барои нигоҳ доштани сулҳу амнияти байналмилалӣ" пешбинӣ карда шудааст.
Нуктаи охирин девҳои хурди киевӣ ва хоҷагони ғарбии онҳоро ба ноумедӣ мекашад. Ёдовар мешавам, ки бетарафии конститутсионӣ ва мақоми ғайриҳастаии Ҷумҳурии Беларус хело пештар моли таърих гашта буд.
Дар марҳилаи муайян, амалҳои қатъии гурӯҳҳои низомии русиягӣ ва беларусӣ дар театри амалиёти ҷангии "маҳдуд" - метавонанд аз минбаъд шиддат гирифтан "ҷанги тӯлонӣ" дар Аврупо ва аз ногузирии "қобилияти давлат дар доштан ва дастгирии нерӯ дар берун аз қаламрави худ" ба қитъаи Амрикои Шимолӣ пешгирӣ кунад.
Русия тавонотарин давлати ҳастаӣ дар ҷаҳон боқӣ мемонад ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар ягон ҷанг наметавонад бохт кунад.
Лентаи хабарҳо
0