Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зарбаи Русия ба маконҳои омодасозии ҳамлаҳои террористӣ дар Украина

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкЗапуск ракеты
Запуск ракеты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Обуна шудан
Дар Украина мавзеъҳое ҳадафи зарба қарор гирифтанд, ки ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия дар он ҷо амалҳои террористӣ бо истифодаи бесарнишинҳо омода мешуданд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба маконҳои истеҳсол ва киштиҳои бесарнишин дар вилояти Одесса ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати дифоъ.
"Шабона нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо силоҳҳои дурпарвози дарёӣ ва ҳавоӣ ба иншооте, ки алайҳи Русия бо истифода аз киштиҳои бесарнишин амалиёти террористӣ омода мешуданд, зарба заданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки зарбаҳо дар минтақаи шаҳри Одесса расонда шуда, дар ин ҷойҳо зархаридони хориҷӣ ҷой доштанд.
"Ҳамаи ҳадафҳое, ки барои зарба ба нақша гирифта шуда буданд, нобуд карда шуданд", - хулоса кард вазорати дифоъ.
Самоходный миномет Дрок  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амалиёти вижаи низомӣ: Хумпораандози нави худгарди "Дрок" ба чӣ қодир аст
Ёдовар мешавем, ки шаби 17 июл киштиҳои бесарнишин ба пули Қрим ҳамла карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ ду сокини вилояти Белгород, як мард ва як зан кушта шуданд, духтарашон ба бистарӣ гардид.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамла ба пулро аз нигоҳи низомӣ бемаънӣ ва ҷинояти бераҳмона хонда, афзуда буд, ки он посух дар пай хоҳад дошт.
Ҳафтаи равон нерӯҳои Русия як силсила ҳамлаҳоро ба Одесса, Иличевск ва Николаев, аз ҷумла ба маконҳои истеҳсол ва нигаҳдории қаиқҳои бесарнишин анҷом доданд, ки бо кумаки онҳо Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳамлаҳои террористиро алайҳи Русия тарҳрезӣ кардаанд.
Шаҳрдори Одесса ин зарбаҳоро бузургтарин аз замони оғози амалиёти вижа номид.
Лентаи хабарҳо
0