https://sputnik.tj/20230726/tedodi-zanon-rohbar-khatlon-malum-1058461528.html
Теъдоди занони роҳбар дар Хатлон маълум шуд
Теъдоди занони роҳбар дар Хатлон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон мегӯянд, дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил дода, шумораи роҳбарҳо афзоиш ёфта истодааст
2023-07-26T17:35+0500
2023-07-26T17:35+0500
2023-07-26T20:06+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
занон
роҳбар
хатлон
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102556/32/1025563232_0:0:4180:2351_1920x0_80_0_0_c930826ac5e2d191c40bb0d1e16c9000.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон қариб 14 ҳазор зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Дар ин бора нашрияи расмии вилоят - "Хатлон" иттилоъ дода, афзуд, ки аз шумораи умумии қариб 3 ҳазор воҳиди хизматчиёни давлатӣ дар 540 воҳиди корӣ занон машғули коранд. Таъкид шудааст, ки аз ин шумора 209 нафар, ки муодили қариб 39% аст, дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд, омадааст дар иттилоия. Манбаъ афзудаст, ки дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо шумораи бонувон афзун гардида истодааст. Зикр гардидаст, ки бо мақсади бештар шудани теъдоди занони роҳбар дар ҷануби кишвар, дар шаҳри Бохтар курси омӯзишии "Мактаби сарварӣ" барои бонувон оғоз гардид. Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, дар оғози даври омӯзишӣ таъкид кардааст, ки занон дар маркази диққати роҳбарияти олии мамлакат буда, баҳри фаъолияти босамари онҳо кулли имкониятҳо фароҳам шудаанд. Вай, аз ҷумла, таҳия ва қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи занон барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон таҳия шудаанд. Ба гуфтаи Шарифӣ, ин чорабиниҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идори давлат ва омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон мусоидат менамоянд.
https://sputnik.tj/20230719/hizb-hokim-vakil-tozaintikhob-parlumoni-tojikiston-1058344001.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102556/32/1025563232_471:0:4180:2782_1920x0_80_0_0_a15c3c895f5fe603acd9820d65938172.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вилоят, хатлон, роҳбар, занон, шумора
вилоят, хатлон, роҳбар, занон, шумора
Теъдоди занони роҳбар дар Хатлон маълум шуд
17:35 26.07.2023 (Навсозишуда: 20:06 26.07.2023) Мақомоти Хатлон мегӯяд, дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил дода, шумораи роҳбарҳо афзоиш ёфта истодааст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон қариб 14 ҳазор зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.
Дар ин бора нашрияи расмии вилоят - "Хатлон" иттилоъ дода, афзуд, ки аз шумораи умумии қариб 3 ҳазор воҳиди хизматчиёни давлатӣ дар 540 воҳиди корӣ занон машғули коранд.
Таъкид шудааст, ки аз ин шумора 209 нафар, ки муодили қариб 39% аст, дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд, омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзудаст, ки дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо шумораи бонувон афзун гардида истодааст.
Зикр гардидаст, ки бо мақсади бештар шудани теъдоди занони роҳбар дар ҷануби кишвар, дар шаҳри Бохтар курси омӯзишии "Мактаби сарварӣ" барои бонувон оғоз гардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, дар оғози даври омӯзишӣ таъкид кардааст, ки занон дар маркази диққати роҳбарияти олии мамлакат буда, баҳри фаъолияти босамари онҳо кулли имкониятҳо фароҳам шудаанд.
Вай, аз ҷумла, таҳия ва қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи занон барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон таҳия шудаанд.
Ба гуфтаи Шарифӣ, ин чорабиниҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идори давлат ва омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон мусоидат менамоянд.