Ҳизби ҳоким вакили тозаинтихоб дар парлумони Тоҷикистонро шодбош гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевВице-мэр города Душанбе Мавсума Муини
Вице-мэр города Душанбе Мавсума Муини - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Обуна шудан
Ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд рақами 13, собиқ раиси шаҳри Бӯстон ва ноиби шаҳрдори Душанбе вориди парлумон мешавад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Мавсума Муинӣ, собиқ раиси шаҳри Бӯстон, ки аз ҷониби Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон ба интихоботи миёнадаврӣ дар Хуҷанд пешбарӣ шуд, пирӯз гардид.
Ба иттилои Ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистон, Муинӣ, номзади пешбаринамудаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар Рӯзи интихобот ба гирифтани 63,7%-и райъи интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагон шуд.
Манбаъ вакили тозаинтихобро аз ҳар ҷиҳат лоиқи ин ном ва мансабӣ олӣ хонда, ӯро ҳамчунин соҳибмаърифату баландихтисос, забондону сухандон, обрӯманду соҳиби хислатҳои баланди инсонӣ ва дар байни мардум намунаи ибрат муаррифӣ кардааст.
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Таъйини интихобот дар Хатлон
Маврид ба зикр аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон охири июни соли равон бо имзои як фармон Мавсума Муиниро аз вазифаи раиси ноҳияи Бӯстони вилояти Суғд озод кард.
Дар фармони президенти Тоҷикистон сабаби барканории ӯ ба кори дигар гузаштааш гуфта шуда буд. Муинӣ аз январи соли 2022 дар ин мақом менишаст.
Баъдан маълум шуд, ки Муинӣ номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Хуҷанд гардидааст. Вай пештар дар мақоми ноиби раиси шаҳри Душанбе фаъолият мекард.
Ба мақоми роҳбарӣ дар шаҳри Бӯстон бо фармони президенти Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон таъйин шуд.
Лентаи хабарҳо
0