https://sputnik.tj/20230726/raisi-isfara-marz-qirghiziston-1058463374.html
Раиси Исфара: Вазъ дар марз бо Қирғизистон ором аст
Раиси Исфара: Вазъ дар марз бо Қирғизистон ором аст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри наздимарзии Тоҷикистон таъкид намуд, ки тамоми масоил бо Қирғизистон аз тариқи гуфтушунид ҳал мешаванд, чун ҳарду ҷониб ба ин ҳавасманданд
2023-07-26T19:07+0500
2023-07-26T19:07+0500
2023-07-26T20:25+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
марз
қирғизистон
исфара
раис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032334113_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_5e0b101fc66ac50d67f1603eaf5fff14.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Муноқишае, ки ахиран миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, пурра тариқи гуфтушунид ҳал шуда, вазъ дар марзи ду кишвар ором мебошад. Ин нуктаро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзуда зимни нишасти хабарӣ баён дошта, афзуд ки муноқишаи охир баъди он рух додааст, ки мошин аз корвони тӯёна ва шаҳрванди Қирғизистон ба ҳамдигар каме халал расондаанд. "Худи ҳамон рӯз мо бо роҳбари ноҳияи Бодканд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия вохӯрдем, намояндагони вилостӣ низ ҳозир шуданд, ҳамаи масъалаҳо тариқи гуфтушунид ҳаллу фасл шуд", - гуфт шаҳрдор. Вай таъкид намуд, ки ҳамаи масоиле, ки дар марз пайдо мегарданд, сирф бо роҳҳои гуфтушунид ҳал мегарданд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ гоҳо боиси таниш миёни сокинони наздимарзӣ мегардад. Муноқишаи охир 24 июл рух дод, ки ба иттилои мақомоти тоҷик як шаҳрванди масти Қирғизистон бо мошинаш роҳи қатори тӯёнаи сокинони Ворухро баста, бо даъвои он, ки барои ҳаракаташ халал расондаанд, сангандозӣ кардааст. Дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд. Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки комиссияи муштараки дуҷониба сабабу омилҳои асосии муноқишаро байни шаҳрвандони ду давлат муайян менамояд.
https://sputnik.tj/20230710/imzo-sanad-idoma-muzokirot-marzi-tojikiston-qirghiziston-1058180721.html
қирғизистон
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032334113_70:0:981:683_1920x0_80_0_0_acf56e7bb54697f633201f24d8e9fd67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, раис, исфара, муноқиша, марзӣ
шарҳ, раис, исфара, муноқиша, марзӣ
Раиси Исфара: Вазъ дар марз бо Қирғизистон ором аст
19:07 26.07.2023 (Навсозишуда: 20:25 26.07.2023) Раиси шаҳри наздимарзии Тоҷикистон таъкид намуд, ки тамоми масоил бо Қирғизистон аз тариқи гуфтушунид ҳал мешаванд, чун ҳарду ҷониб ба ин ҳавасманданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Муноқишае, ки ахиран миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, пурра тариқи гуфтушунид ҳал шуда, вазъ дар марзи ду кишвар ором мебошад.
Ин нуктаро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзуда зимни нишасти хабарӣ баён дошта, афзуд ки муноқишаи охир баъди он рух додааст, ки мошин аз корвони тӯёна ва шаҳрванди Қирғизистон ба ҳамдигар каме халал расондаанд.
"Худи ҳамон рӯз мо бо роҳбари ноҳияи Бодканд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия вохӯрдем, намояндагони вилостӣ низ ҳозир шуданд, ҳамаи масъалаҳо тариқи гуфтушунид ҳаллу фасл шуд", - гуфт шаҳрдор.
Вай таъкид намуд, ки ҳамаи масоиле, ки дар марз пайдо мегарданд, сирф бо роҳҳои гуфтушунид ҳал мегарданд.
"Ҳам мақсади Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон ҳалли ҳамаи масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид аст", - изҳор дошт Баҳодурзода.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ гоҳо боиси таниш миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.
Муноқишаи охир 24 июл рух дод, ки ба иттилои мақомоти тоҷик як шаҳрванди масти Қирғизистон бо мошинаш роҳи қатори тӯёнаи сокинони Ворухро баста, бо даъвои он, ки барои ҳаракаташ халал расондаанд, сангандозӣ кардааст.
Дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки комиссияи муштараки дуҷониба сабабу омилҳои асосии муноқишаро байни шаҳрвандони ду давлат муайян менамояд.