https://sputnik.tj/20230710/imzo-sanad-idoma-muzokirot-marzi-tojikiston-qirghiziston-1058180721.html
Имзои боз як санад: Идомаи музокироти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Имзои боз як санад: Идомаи музокироти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки музокироти дар бораи марз бо кишвари ҳамсоя дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд
2023-07-10T15:26+0500
2023-07-10T15:26+0500
2023-07-10T15:26+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
музокирот
марз
ҳамкорӣ
равобит
демаркатсия
сарҳад
бодканд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0a/1058173074_0:214:1200:889_1920x0_80_0_0_63bd7efe4f71cd5706db3833c0fb5c91.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира карданд.Дар ин бора дафтаи матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ вахурӣ дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шудаастю“Дар асоси Нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо барои соли 2023 рӯзҳои 3 – 9 июли соли 2023 дар шаҳри Ботканд мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид”, - таъкид кардааст вазорат.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.Ҳамзмон таъкид карда шудааст, музокирот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.Вазорати умури хориҷа илова кардааст, ки вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Гулистон мулоқоти гуруҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардида буд.“Ҷонибҳо мушкилоти мавҷударо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуда, барои таъмини амнияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд”, иттилоъ дода буд дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ҳамзамон дар ин музокирот масъалаи пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ҳамагуна силоҳ дар суҳбати генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев баррасӣ шуда.“Тарафҳо барои идомаи музокирот ва бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои пешоянда мубодилаи афкор намуданд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Инчунин дар мулоқоти васеи ҷонибҳо вобаста ба тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ, риояи талаботи протоколҳои қаблан имзошуда мавриди таҳлил қарор дода шуд.
https://sputnik.tj/20230430/bahs-nuqta-marzii-tojikiston-qirghiziston-uzbekiston-1056774392.html
https://sputnik.tj/20230614/viloyat-sugd-botkand-dust-natijai-muzokirot-1057718506.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0a/1058173074_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_6895ab397c00a05438ac76df633863d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, равобит, музокирот, марз, кишвар, ҳамсоя, сулҳу субот
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, равобит, музокирот, марз, кишвар, ҳамсоя, сулҳу субот
Имзои боз як санад: Идомаи музокироти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки музокироти дар бораит марз бо кишвари ҳамсоя дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира карданд.
Дар ин бора дафтаи матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ вахурӣ дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шудаастю
“Дар асоси Нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо барои соли 2023 рӯзҳои 3 – 9 июли соли 2023 дар шаҳри Ботканд мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид”, - таъкид кардааст вазорат.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҳамзмон таъкид карда шудааст, музокирот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Вазорати умури хориҷа илова кардааст, ки вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Гулистон мулоқоти гуруҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардида буд.
“Ҷонибҳо мушкилоти мавҷударо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуда, барои таъмини амнияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд”, иттилоъ дода буд дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҳамзамон дар ин музокирот масъалаи пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ҳамагуна силоҳ дар суҳбати генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев баррасӣ шуда.
“Тарафҳо барои идомаи музокирот ва бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои пешоянда мубодилаи афкор намуданд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Инчунин дар мулоқоти васеи ҷонибҳо вобаста ба тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ, риояи талаботи протоколҳои қаблан имзошуда мавриди таҳлил қарор дода шуд.