Созиши Тоҷикистон бо Туркия барои ҳамкории низомӣ

© Adobe stock/OleksiiТурецкий и таджикский флаги
Турецкий и таджикский флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Созиши ҷадид миёни Тоҷикистону Туркия дар бахши ҳамкории ҳарбӣ барои нигоҳ доштани амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Тоҷикистону Туркия дар масоили ҳифзи сарҳад ва мубориза бо терроризм табодули таҷриба мекунанд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи миллии Туркия бо нашри як иттилоия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, созиш дар мавриди ҳамкории низомӣ зимни мулоқоти Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои туркаш Ҳулуси Акар, ки дар Анкара баргузор шуд, ҳосил гардидааст.
Таъкид гардидааст, ки ба хотири сафари Шералӣ Мирзо ба Анкара дар назди бинои Вазорати дифои кишвари мизбон горди фахрӣ саф ороста, аз вазири тоҷик истиқбол кардааст.
Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Тоҷикистону Туркия дар талоши афзоиши шумораи хатти парвозҳо миёни шаҳрҳои ду кишвар
Зикр гардидааст, ки вазирони мудофиаи Тоҷикистону Туркия дар шакли маҳдуд ва баъдан бо иштироки ҳайати васеи ҷонибҳо гуфтушунид доштаанд.
"Зарур дониста шуд, ки ҳамкорӣ дар бахши омодагии ҳарбӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия таҳким бахшида шавад", - омадааст дар варақаи матбуотии мақомоти турк.
Аз ҷумлаи масоили дигари баррасишаванда амнияти минтақаӣ, мудофиа ва ҳамкорӣ дар бахши саноати низомӣ будааст.
Акар дар мулоқот таъкид намудааст, ки Туркияро бо Тоҷикистон риштаҳои муштараки фарҳангию таърихӣ мепайванданд. Ӯ ҳамчунин аз муштаракоти динӣ зикр намуда, муҳим хондааст, ки ҳамкорӣ дар бахши тайёрии ҳарбӣ низ таҳким бахшида шавад.
Сипас вазирони дифоъ ба нуктаҳои фармондеҳии нерӯҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳи Туркия рафта, бо кори ситоди фаврӣ шинос шудаанд.
Маврид ба зикр аст, аз шарикони аслии Тоҷикистон дар бахши низомӣ Русия мебошад, ки ҳамасола теъдоди зиёде аз размоишҳоро баргузор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0