Барои беҳтар кардани пахши рақамӣ дар вилоятҳои Суғду ВМКБ 12 манора насб мешавад

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкСпутниковая тарелка, архивное фото
Спутниковая тарелка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Обуна шудан
Раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон эълон кард, ки барои беҳтар кардани пахши рақамӣ дар вилоятҳои Суғду Бадахшон 12 манора насб хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои беҳтар гардидани пахши рақамии барномаҳо дар вилоятҳои Суғду Бадахшон 12 манора бо баландии аз 12 то 18 метр насб хоҳад кард.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси ин Кумита Нуриддин Саид ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир барои омода намудани 12 манора бо баландии аз 12 то 18 метр вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии истгоҳҳои радиотелевизионии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои васлу кафшергарӣ оғоз гардидааст.
Строительство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Кумитаи телевизион ва радио ба кормандонаш бинои истиқоматӣ месозад
Ҳамзамон, Нуриддин Саид зикр кард, ки бо мақсади беҳтар кардани фарогирӣ ва пахши барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмири бинои техникӣ ва хати барқ дар макони насби фиристандаҳои рақамӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Чуҷалии шаҳри Ҳисор, Гулхаси шаҳри Турсунзода, Мотравни ноҳияи Ванҷ, Шитам ва Сохчарви ноҳияи Шуғнон, Шикуши ноҳияи Роштқалъа, Ганҷинаи ноҳияи Хуросон, Даштиҷум ва Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин анҷом дода шуданд.
“Дар баробари ин, корҳои омодагӣ дар деҳаҳои Ғеш ва Дашти Ар-ари ноҳияи Муъминобод, Миёнаду ва Чилдараи ноҳияи Сангвор, Лаккони шаҳри Исфара бо маром идома дорад”,-гуфт Раиси Кумита.
Бояд гуфт, ки иҷрои марҳилаи 4-уми "Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024", ки насби 30 фиристандаи рақамиро дар назар дорад, то охири соли 2023 ба анҷом расида, он имкон медиҳад, ки фарогирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 83% расонида шавад.
Лентаи хабарҳо
0