Истиқболи Рустамова аз таъйиноти кадрӣ дар бахши варзиш

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Зебунисо Рустамова, қаҳрамони ҷаҳон, ҷоизадори олимпӣ дар риштаи камонварӣ аз таъйиноти ҷадиди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Зебунисо Рустамова интизориҳояшро аз таъйиноти ҷадид дар роҳбарии Кумитаи миллии олимпӣ баён дошт.
Ӯ аз ҷумла интихоби Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ ва Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистонро ба мақоми ноибони президенти Кумитаи миллии олимпӣ истиқбол намуд. Вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпиро Эмомалӣ Раҳмон ҳифз кард.
"Муҳаммадшо Абдуллоев котиби генералӣ боқӣ монд. Раҳмонзода ва Назаров ноибони президенти КМОТ шуданд ва умедворам, ки ин таъсири мусбат ба кори Кумита хоҳад дошт", - изҳор дошт Рустамова.
Вай инчунин таъйиноти Мавзуна Чориева, ҷоизадори олимпии дигарро ба мақоми роҳбари шуъбаи варзиши КМОТ фоли нек хонда, умедворияшро барои рушди варзиш миёни бонувон баён дошт.
Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов, ки ноибони президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буданд, дар ҷаласаи ахири интихоботӣ - ҳисоботӣ барои даври дигар интихоб нагардидаанд.
Олимпийский чемпион Дилшод Назаров   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Барканории Шамсулло Соҳибову Абдуллозода: Назаров овозаҳои истеъфояшро шарҳ дод
Дар ҳамин ҳол Дилшод Назаров сарусадо дар бораи истеъфояш аз мақоми ноиби раиси Кумитаи ҷавонону варзиш ва комилан гузаштан ба кор дар Кумитаи миллии олимпиро рад карда, изҳор дошт, ки ин салоҳияти ҳукумат мебошад.
Қаҳрамони олимпӣ, Дилшод Назаров 8 соли охир дар вазифаи ноиби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолият дорад. Абдулло Раҳмонзода моҳи январи соли 2020 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0