https://sputnik.tj/20230724/putin-omodagi-rusiya-tamin-niyozmandon-1058415001.html
Путин омодагии Русия барои таъмини ниёзмандон бо ғалларо эълон дошт
Путин омодагии Русия барои таъмини ниёзмандон бо ғалларо эълон дошт
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия идомаи созиши ғалларо бемаъно хонда, зикр намуд, ки ҳеҷ яке аз шартҳои созишнома дар содироти ғалла ва нуриҳои русиягӣ иҷро нашудаанд
2023-07-24T10:20+0500
2023-07-24T10:20+0500
2023-07-24T14:04+0500
дар русия
владимир путин
туркия
ғалла
одесса
нуриҳои минералӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057139062_0:29:3077:1760_1920x0_80_0_0_a7284f39f3f8221303105fc349f83204.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Идомаи ташаббуси ғаллаи баҳри Сиёҳ маънои худро гум кардааст, гуфт президенти Русия Владимир Путин. Вай ин нуктаро дар мақолаи "Русия ва Африқо: муттаҳид кардани талошҳо барои сулҳ, пешрафт ва ояндаи муваффақ", ки дар сомонаи Кремл нашр шудааст, баён доштаст. Раисиҷумҳур ёдовар шуд, ки ҳеҷ яке аз шартҳои созишнома дар бораи хориҷ кардани содироти ғалла ва нуриҳои Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз таҳримҳо иҷро нашудааст.Путин идома дод, ҳатто барои ройгон додани нуриҳои минералӣ ба кишварҳои ниёзманд ва фақиртарин монеа эҷод мешавад."Ва ин дар ҳолест, ки сухан дар бораи як амали сирф башардӯстона меравад, ки ҳеҷ гуна таҳримоти усулӣ набояд ба он татбиқ шавад", - гуфт ӯ. Ба ин далел, Русия ба тамдиди минбаъдаи тавофуқ, ки ҳадафи башарии худро асоснок намекард, эътироз кард. Дар натиҷа 18 июл иҷрои он анҷом ёфт. "Ман мехоҳам шуморо итминон диҳам, ки кишвари мо қодир аст ғаллаи Украинаро ҳам ба таври тиҷоратӣ ва ҳам ба таври ройгон иваз кунад, бахусус соли равон, ки ҳосили рекордиро интизорем", - таъкид кард президент. Ёдовар мешавем, ки созишномаи ғалла, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ баста шуда буд, содироти ғалла, маводи ғизоӣ ва нуриҳои украинӣ тавассути Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одессаро фаро мегирифт ва ахиран фаъолияти он қатъ шуд.
https://sputnik.tj/20230722/namoyanda-rusiya-smm-shart-bozgasht-kishvar-sozishnoma-ghalla-1058396796.html
одесса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057139062_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_e7a124fc169eb77cdefbcd5b71f1187f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, созишнома, ғалла, маъно, қатъ
владимир путин, созишнома, ғалла, маъно, қатъ
Путин омодагии Русия барои таъмини ниёзмандон бо ғалларо эълон дошт
10:20 24.07.2023 (Навсозишуда: 14:04 24.07.2023) Раисиҷумҳури Русия идомаи созиши ғалларо бемаъно хонда, зикр намуд, ки ҳеҷ яке аз шартҳои созишнома дар содироти ғалла ва нуриҳои русиягӣ иҷро нашудаанд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Идомаи ташаббуси ғаллаи баҳри Сиёҳ маънои худро гум кардааст, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
Вай ин нуктаро дар мақолаи "Русия ва Африқо: муттаҳид кардани талошҳо барои сулҳ, пешрафт ва ояндаи муваффақ", ки дар сомонаи Кремл нашр шудааст, баён доштаст.
Раисиҷумҳур ёдовар шуд, ки ҳеҷ яке аз шартҳои созишнома дар бораи хориҷ кардани содироти ғалла ва нуриҳои Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз таҳримҳо иҷро нашудааст.
Путин идома дод, ҳатто барои ройгон додани нуриҳои минералӣ ба кишварҳои ниёзманд ва фақиртарин монеа эҷод мешавад.
"Ва ин дар ҳолест, ки сухан дар бораи як амали сирф башардӯстона меравад, ки ҳеҷ гуна таҳримоти усулӣ набояд ба он татбиқ шавад", - гуфт ӯ.
Ба ин далел, Русия ба тамдиди минбаъдаи тавофуқ, ки ҳадафи башарии худро асоснок намекард, эътироз кард. Дар натиҷа 18 июл иҷрои он анҷом ёфт.
"Ман мехоҳам шуморо итминон диҳам, ки кишвари мо қодир аст ғаллаи Украинаро ҳам ба таври тиҷоратӣ ва ҳам ба таври ройгон иваз кунад, бахусус соли равон, ки ҳосили рекордиро интизорем", - таъкид кард президент.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи ғалла, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ баста шуда буд, содироти ғалла, маводи ғизоӣ ва нуриҳои украинӣ тавассути Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одессаро фаро мегирифт ва ахиран фаъолияти он қатъ шуд.