Сабти хонандаҳо ба синфи 1 дар Тоҷикистон аз кай оғоз мешавад?

© Sputnik / Рубен ГарсияОткрытие Российско-таджикской школы им. Юрия Гагарина в Душанбе
Открытие Российско-таджикской школы им. Юрия Гагарина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Обуна шудан
Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ ройгон буда, талаби маблағ барои сабти кӯдакон қонуншиканӣ арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Сабти кӯдакон ба синфи якуми соли таҳсили 2023-2024 аз 1 август оғоз мегардад, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барномаи якмоҳаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил дар синфи якум тасвиб шудааст.
Дар давоми ин муддат барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ баргузор мегардад.
Дар феҳрасти санадҳои зарурӣ варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхаи шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист номбар шудаанд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода, бо барандащои аттестатҳои аъло дар озмуни соли 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Барандаҳои аттестатҳои аъло ва медалҳои тилою нуқра дар Тоҷикистон муайян шуданд
Таъкид шудааст, ки сабт ройгон сурат гирифта, талаби ҳар гуна маблағ барои ин кор қонуншиканӣ ба шумор меравад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки соли равон кӯдакон ба синфи 1-ум мераванд, ки то 31 декабри соли 2016 таваллуд шудаанд.
Мақомоти маорифи Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки агар кӯдак 1 январи соли 2017 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.
Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз оғози август бархе аз хадамоти давлатӣ дар макотиби пойтахти ҷумҳурӣ, аз ҷумла пардохти маблағи китоб ба тариқи ғайринақдӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0