https://sputnik.tj/20230721/baranda-attestat-alo-medal-tilo-nuqra-1058389179.html
Барандаҳои аттестатҳои аъло ва медалҳои тилою нуқра дар Тоҷикистон муайян шуданд
Барандаҳои аттестатҳои аъло ва медалҳои тилою нуқра дар Тоҷикистон муайян шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар озмун аз миёни довталабон 18 нафар дар равияи табиию риёзӣ ва 10 нафар дар равияи ҷамъиятию гуманитарӣ барандаҳо аттестати аъло ва медалҳо гардиданд 21.07.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-07-21T19:59+0500
2023-07-21T19:59+0500
2023-07-21T20:01+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
нуқра
тилло
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/15/1058389011_0:62:2048:1214_1920x0_80_0_0_cf28775c98c4b34fbc0e3f5d4ae1b193.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе озмуни аттестатҳои аълои универсалию равиявӣ бо медали тило ва нуқра ҷамъбаст гардид, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.Ба иттилои ин ниҳод, дар озмуни мазкур аз 57 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои комиссияи озмун дар умум 34 нафар хонанда сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки дар равияи табиӣ-риёзӣ 18 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра шуд. "Дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бошад 10 нафар сазовори медали тилло ва 2 нафар сазовори медали нуқра гардид. Инчунин, дар категорияи универсалӣ 2 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра гардид", - омадааст дар иттилоия. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода, дар маросими ҷамъбасти озмун, рушди бонизоми соҳаи маориф, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумат хонд. Мақсад аз баргузории озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар арзёбӣ гардид. Вазорати маориф таъкид намудаст, ки озмуни аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20230607/rusiya-kvota-tahsil-khorijiyon-ziyod-1057590080.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/15/1058389011_95:0:1915:1365_1920x0_80_0_0_29899e372bfe78234e2ba726c3f0514d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, таҳсил, нуқра, тилло, озмун
дар тоҷикистон, маориф, таҳсил, нуқра, тилло, озмун
Барандаҳои аттестатҳои аъло ва медалҳои тилою нуқра дар Тоҷикистон муайян шуданд
19:59 21.07.2023 (Навсозишуда: 20:01 21.07.2023) Дар озмун аз миёни довталабон 18 нафар дар равияи табиию риёзӣ ва 10 нафар дар равияи ҷамъиятию гуманитарӣ барандаҳо аттестати аъло ва медалҳо гардиданд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе озмуни аттестатҳои аълои универсалию равиявӣ бо медали тило ва нуқра ҷамъбаст гардид, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳод, дар озмуни мазкур аз 57 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои комиссияи озмун дар умум 34 нафар хонанда сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд.
"Аз ин шумора 30 нафар хонанда вобаста ба равияи худ сазовори медали тило ва 4 нафар хонанда сазовори медали нуқра шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки дар равияи табиӣ-риёзӣ 18 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра шуд.
"Дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бошад 10 нафар сазовори медали тилло ва 2 нафар сазовори медали нуқра гардид. Инчунин, дар категорияи универсалӣ 2 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра гардид", - омадааст дар иттилоия.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода, дар маросими ҷамъбасти озмун, рушди бонизоми соҳаи маориф, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумат хонд.
Мақсад аз баргузории озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар арзёбӣ гардид.
Вазорати маориф таъкид намудаст, ки озмуни аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.