https://sputnik.tj/20230725/natija-imtihonoti-dokhilshavi-tojikiston-elon-1058431486.html
Натиҷаи имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон эълон шуд
Натиҷаи имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон гардиданд
2023-07-25T11:51+0500
2023-07-25T11:51+0500
2023-07-25T19:38+0500
дар тоҷикистон
маориф
тақсимоти такрории довталабон
санҷиш
маркази миллии тестӣ
номнависӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/06/1025330620_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_f32ee543b19f145c22f4a3b711c899c0.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Паёмак дар бораи муваффақ шудан ё нашудан ба рақамҳои мобилии довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳу доникадаҳои Тоҷикистон аз соати 00:00-и 25 июл ирсол гардид. Дар ин бора Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки довталабон аз тариқи паёмак дар бораи комёб гардидан ё нагардидан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон огоҳ шуданд. "Инчунин довталабон метавонанд аз кабинети инфиродӣ ё бо муроҷиат ба Марказ ва бахшҳои минтақавии он аз натиҷаи тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ бори дигар огоҳ шаванд", - омадааст дар иттилоия. Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар кабинети инфиродии ҳар довталаб агар дар бахши "Натиҷаи тақсимот" матни "Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед", зикр шуда бошад, имкони иштирок дар тақсимоти такрорӣ мавҷуд аст. Ба иттилои Маркази миллии тестӣ барои иштирок дар даври такрорӣ, довталаб бояд аз 12 то 15 августи соли 2023 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузарад. Довталаби дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда бояд дар мӯҳлати муқарраргардида- аз 25 июл то 6 август ба муассисаи таълимии дахлдор барои номнависӣ ва қабул ҳозир шавад, афзуд манбаъ. Дар сурати бо сабаби узрнок ҳозир нашудан, довталаб вазифадор аст, ки то 6 август дар ин бора бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба муассисаи таълимӣ хабар диҳад, вагарна ин довталаб ҷойи худро дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад, таъкид намудаст Маркази миллии тестӣ.
https://sputnik.tj/20230415/viloyati-khatlon-mudiri-shuba-maorif-vazifa-barkanor-1056481265.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/06/1025330620_81:0:893:609_1920x0_80_0_0_1e6ec79a3df74157604e389a8ad07310.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, натиҷа, имтиҳонот, дохилшавӣ, тоҷикистон
эълон, натиҷа, имтиҳонот, дохилшавӣ, тоҷикистон
Натиҷаи имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон эълон шуд
11:51 25.07.2023 (Навсозишуда: 19:38 25.07.2023) Натиҷаҳои озмуни тақсимоти довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон гардиданд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Паёмак дар бораи муваффақ шудан ё нашудан ба рақамҳои мобилии довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳу доникадаҳои Тоҷикистон аз соати 00:00-и 25 июл ирсол гардид.
Дар ин бора Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки довталабон аз тариқи паёмак дар бораи комёб гардидан ё нагардидан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон огоҳ шуданд.
"Инчунин довталабон метавонанд аз кабинети инфиродӣ ё бо муроҷиат ба Марказ ва бахшҳои минтақавии он аз натиҷаи тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ бори дигар огоҳ шаванд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар кабинети инфиродии ҳар довталаб агар дар бахши "Натиҷаи тақсимот" матни "Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед", зикр шуда бошад, имкони иштирок дар тақсимоти такрорӣ мавҷуд аст.
Ба иттилои Маркази миллии тестӣ барои иштирок дар даври такрорӣ, довталаб бояд аз 12 то 15 августи соли 2023 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузарад.
Довталаби дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда бояд дар мӯҳлати муқарраргардида- аз 25 июл то 6 август ба муассисаи таълимии дахлдор барои номнависӣ ва қабул ҳозир шавад, афзуд манбаъ.
Дар сурати бо сабаби узрнок ҳозир нашудан, довталаб вазифадор аст, ки то 6 август дар ин бора бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба муассисаи таълимӣ хабар диҳад, вагарна ин довталаб ҷойи худро дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад, таъкид намудаст Маркази миллии тестӣ.