https://sputnik.tj/20230415/viloyati-khatlon-mudiri-shuba-maorif-vazifa-barkanor-1056481265.html
Дар вилояти Хатлон якбора се мудири шуъбаи маорифи аз вазифа барканор шуданд
Дар вилояти Хатлон якбора се мудири шуъбаи маорифи аз вазифа барканор шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран мудирони шуъбаҳои маорифи як шаҳру ду ноҳияи вилояти Хатлонро аз вазифа барканор кард
2023-04-15T18:35+0500
2023-04-15T18:35+0500
2023-04-15T18:35+0500
дар тоҷикистон
хатлон
маориф
барканорӣ
вазифа
озод кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:962:541_1920x0_80_0_0_8054a3cba8fe3c62b513915410c7dc1e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Мудирони маорифи шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхиву Абдураҳмони Ҷомӣ аз вазифа барканор шуданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Ба иттилои манбаъ то ҳол ба ҷойи онҳо касе таъйин нагардидааст. Ҳамчунин дар бораи ба кадом вазифаи дигар таъйин шуданд, ё нашудани онҳо маълумоте нест.Манбаъ хабар додааст, ки мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Балхӣ ва Ҷомӣ бештар аз як сол боз дар ин вазифа кор мекарданд.Манбаъ таъкид кардааст, ки Ҳакимзода Хайрулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бори дуюм аст, ки ба ин вазифа таъйин мегардаду боз озод мешавад.Ҳамзамон як манбаъ аз шаҳри Бохтар ба “Фараж” хабар додааст, ки дар муддати бештар аз се соли фаъолияти мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода, дар шаҳр се муассисаи таълимии замонавӣ, ду кӯдакистон сохта шуда, дастовардҳои хонандагон аз озмуну олимпиадаҳо зиёд гардида, дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ бештар шуда буд.
https://sputnik.tj/20230330/vokunish-vazorat-maorif-video-jang-zan-maktab-video-1055860695.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:722:541_1920x0_80_0_0_27313200fd0d8c9c90c498fc1b9cc2d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, маориф, вазифа, озод, барканор, мудири шӯъба
тоҷикистон, хатлон, маориф, вазифа, озод, барканор, мудири шӯъба
Дар вилояти Хатлон якбора се мудири шуъбаи маорифи аз вазифа барканор шуданд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран мудирони шуъбаҳои маорифи як шаҳру ду ноҳияи вилояти Хатлонро аз вазифа барканор кард
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Мудирони маорифи шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхиву Абдураҳмони Ҷомӣ аз вазифа барканор шуданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои манбаъ то ҳол ба ҷойи онҳо касе таъйин нагардидааст. Ҳамчунин дар бораи ба кадом вазифаи дигар таъйин шуданд, ё нашудани онҳо маълумоте нест.
Манбаъ хабар додааст, ки мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Балхӣ ва Ҷомӣ бештар аз як сол боз дар ин вазифа кор мекарданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки Ҳакимзода Хайрулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бори дуюм аст, ки ба ин вазифа таъйин мегардаду боз озод мешавад.
Ҳамзамон як манбаъ аз шаҳри Бохтар ба “Фараж” хабар додааст, ки дар муддати бештар аз се соли фаъолияти мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода, дар шаҳр се муассисаи таълимии замонавӣ, ду кӯдакистон сохта шуда, дастовардҳои хонандагон аз озмуну олимпиадаҳо зиёд гардида, дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ бештар шуда буд.