https://sputnik.tj/20230725/muarrifii-maqomdoron-kishti-takrori-majlis-panjakent-1058436649.html
Аз муаррифии мақомдорони нав то кишти такрорӣ: Маҷлиси раиси шаҳри Панҷакент
Аз муаррифии мақомдорони нав то кишти такрорӣ: Маҷлиси раиси шаҳри Панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Панҷакент барои тезонидани кишти такрорӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, омодагии муассисаҳои таълимию тиббӣ ба фасли зимистон ва таъмири мактабҳо дастур дод
2023-07-25T15:30+0500
2023-07-25T15:30+0500
2023-07-25T19:00+0500
дар тоҷикистон
панҷакент
маҷлис
раиси шаҳр
кишти такрорӣ дар шимоли кишвар
шаҳрдор
супориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/19/1058436465_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_168d95f0f033fedeb59c0c0134715200.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ахиран маҷлиси назоратии ҳафтавори назди раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо ҳузури шаҳрдор Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд Дар маҷлиси мазкур нахуст ба ҳозирин Диловар Лоиқзода, ки ба вазифаи муовини сардори идораи кишоварзии шаҳр таъин шудааст, муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин ба иттилои манбаъ бо қарори раиси шаҳр Исроилзода Назира ба вазифаи мудири бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо амрҳои раиси шаҳр Содиқӣ Мақсудҷон Муҳаммадҷонзода ба вазифаи сармутахассис- ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр ва Холиқов Муҳаммадҷон, ки ба вазифаи мутахассиси пешбар- котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таъин карда шудаанд, муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа дар бораи рафти омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ба раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, дигар ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати мусоидат ба он дастур гирифтанд. Дар маҷлиси мазкур ҳамчунин масъалаҳо барои тезонидани кишти такрорӣ, таъминоти мунтазам бо оби полезӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ ба фасли зимистон, таъмири мактабҳо баррасӣ шуданду супоришҳо дода шуданд. Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ин ҷаласа ба мақомдорон раиси шаҳр вобаста ба вазъи нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, риояи техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот ва хидматрасонӣ, баррасии ҳамаҷонибаи номвожаҳо дар комиссияи номгузорӣ, вазъи омодагӣ барои гузаштан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз дастуру супоришҳо дод.
https://sputnik.tj/20230724/oghozi-tajdidi-kuchai-tereshkova-panjakent-1058426209.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/19/1058436465_95:0:1915:1365_1920x0_80_0_0_6dfa5bc7008a8063e768c2f9ea771adc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, супориш, панҷакент, кишти такрорӣ, муассисаҳои таълимӣ, мактаб, дастур, зимистон, иншоот
тоҷикистон, супориш, панҷакент, кишти такрорӣ, муассисаҳои таълимӣ, мактаб, дастур, зимистон, иншоот
Аз муаррифии мақомдорони нав то кишти такрорӣ: Маҷлиси раиси шаҳри Панҷакент
15:30 25.07.2023 (Навсозишуда: 19:00 25.07.2023) Раиси шаҳри Панҷакент барои тезонидани кишти такрорӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, омодагии муассисаҳои таълимию тиббӣ ба фасли зимистон ва таъмири мактабҳо дастур дод
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ахиран маҷлиси назоратии ҳафтавори назди раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо ҳузури шаҳрдор Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд
Дар маҷлиси мазкур нахуст ба ҳозирин Диловар Лоиқзода, ки ба вазифаи муовини сардори идораи кишоварзии шаҳр таъин шудааст, муаррифӣ карда шуд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ бо қарори раиси шаҳр Исроилзода Назира ба вазифаи мудири бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо амрҳои раиси шаҳр Содиқӣ Мақсудҷон Муҳаммадҷонзода ба вазифаи сармутахассис- ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр ва Холиқов Муҳаммадҷон, ки ба вазифаи мутахассиси пешбар- котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таъин карда шудаанд, муаррифӣ гардиданд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа дар бораи рафти омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ба раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, дигар ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати мусоидат ба он дастур гирифтанд.
Дар маҷлиси мазкур ҳамчунин масъалаҳо барои тезонидани кишти такрорӣ, таъминоти мунтазам бо оби полезӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ ба фасли зимистон, таъмири мактабҳо баррасӣ шуданду супоришҳо дода шуданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ин ҷаласа ба мақомдорон раиси шаҳр вобаста ба вазъи нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, риояи техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот ва хидматрасонӣ, баррасии ҳамаҷонибаи номвожаҳо дар комиссияи номгузорӣ, вазъи омодагӣ барои гузаштан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз дастуру супоришҳо дод.