https://sputnik.tj/20230724/oghozi-tajdidi-kuchai-tereshkova-panjakent-1058426209.html
Оғози таҷдиди кӯчаи Терешкова дар Панҷакент
Оғози таҷдиди кӯчаи Терешкова дар Панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Диёри нур” бо маблағгузории мақомоти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъмиру бозсозии кӯчаи Терешковаи шаҳрро идома дорад
2023-07-24T19:59+0500
2023-07-24T19:59+0500
2023-07-25T20:05+0500
дар тоҷикистон
панҷакент
таъмир
роҳ
нақлиёт
суғд
таҷдид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/18/1058426041_0:146:2048:1298_1920x0_80_0_0_2a7626f780bbe076e063c45fad75cc14.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Мақомоти шаҳри Панҷакент баробари бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъмиру таҷдиди роҳу кӯчаҳоро низ пешбинӣ намуда, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст.Дар ин хусус дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ҳоло бо маблағгузории мақомоти шаҳр таъмиру таҷдиди кӯчаи Терешковаи шаҳр идома дошта, роҳсозони ҶДММ “Диёри нур” ба мумфаршкунии он машғул ҳастанд.“Роҳравҳои ду тарафи роҳи кӯча ба масоҳати беш аз 3 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш шудаанд ва баъди анҷоми мумфаршкунии роҳ, канори он сабзпӯш карда, ин кӯча ба яке аз мавзеъҳои оростаю перостаи шаҳр табдил хоҳад ёфт”, - иттилоъ додааст манбаъ.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки бо дастгирии мақомоти шаҳр, соҳибкорон ва корхонаю муассисаҳо кӯчаҳои дигари шаҳр низ марҳала ба марҳала мумфарш ва таҷдид карда мешаванд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар 6 моҳи соли 2023 дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 41,9 млн. сомонӣ дар 1356 км роҳҳо корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида шуданд.Манбаъ қайд кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Мақмоти вилояти Хатлон мегӯяд аз ҷумла дар вилоят таъмири асосӣ 48 км роҳ, таъмири ҷории 1119 км роҳҳо ва 88 адад пулу қубурҳо, инчунин сангфаршкунии роҳҳо дар 189 км. гузаронида шуда.Масъулини вилояти Хатлон илова кардаанд, ки ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкорон таъмири асосии 38,2 км роҳ, таъмири ҷории 6 км роҳ, 29 адад пулу қубурҳо ва сангфаршкунии 176,2 км роҳҳо -- ҳамагӣ ба маблағи 25,8 млн. сомонӣ корҳо иҷро гардиданд.
https://sputnik.tj/20230719/maqomoti-khatlon-tamiri-roh-pul-masraf-1058356140.html
панҷакент
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/18/1058426041_118:0:1938:1365_1920x0_80_0_0_e0883ddd0f03172e75d98c6e7a7124c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мумфарш, таъмир, роҳ, терешкова, нақлиёт, панҷакент
тоҷикистон, мумфарш, таъмир, роҳ, терешкова, нақлиёт, панҷакент
Оғози таҷдиди кӯчаи Терешкова дар Панҷакент
19:59 24.07.2023 (Навсозишуда: 20:05 25.07.2023) Ширкати “Диёри нур” бо маблағгузории мақомоти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъмиру бозсозии кӯчаи Терешковаи шаҳрро идома дорад
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Мақомоти шаҳри Панҷакент баробари бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъмиру таҷдиди роҳу кӯчаҳоро низ пешбинӣ намуда, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст.
Дар ин хусус дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло бо маблағгузории мақомоти шаҳр таъмиру таҷдиди кӯчаи Терешковаи шаҳр идома дошта, роҳсозони ҶДММ “Диёри нур” ба мумфаршкунии он машғул ҳастанд.
“Роҳравҳои ду тарафи роҳи кӯча ба масоҳати беш аз 3 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш шудаанд ва баъди анҷоми мумфаршкунии роҳ, канори он сабзпӯш карда, ин кӯча ба яке аз мавзеъҳои оростаю перостаи шаҳр табдил хоҳад ёфт”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки бо дастгирии мақомоти шаҳр, соҳибкорон ва корхонаю муассисаҳо кӯчаҳои дигари шаҳр низ марҳала ба марҳала мумфарш ва таҷдид карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар 6 моҳи соли 2023 дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 41,9 млн. сомонӣ дар 1356 км роҳҳо корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида шуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Мақмоти вилояти Хатлон мегӯяд аз ҷумла дар вилоят таъмири асосӣ 48 км роҳ, таъмири ҷории 1119 км роҳҳо ва 88 адад пулу қубурҳо, инчунин сангфаршкунии роҳҳо дар 189 км. гузаронида шуда.
Масъулини вилояти Хатлон илова кардаанд, ки ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкорон таъмири асосии 38,2 км роҳ, таъмири ҷории 6 км роҳ, 29 адад пулу қубурҳо ва сангфаршкунии 176,2 км роҳҳо -- ҳамагӣ ба маблағи 25,8 млн. сомонӣ корҳо иҷро гардиданд.