https://sputnik.tj/20230724/roh-dushanbe-chanoq-muvaqqatan-basta-1058416642.html
Роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан баста аст
Роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан баста аст
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба ҷамъоварии маблағу нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, гуфт, дар як соат роҳ кушода хоҳад шуд
2023-07-24T11:29+0500
2023-07-24T11:29+0500
2023-07-24T11:30+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
душанбе
роҳ
басташавии роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056555995_0:90:960:630_1920x0_80_0_0_89fa631eea8b1c42fd9d49b2683eef09.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бар асари сангрезӣ ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар масири Душанбе - Чаноқ мутаваққиф шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", итттилоъ дод, ки ба ҷамъоварии маблағи нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст. Тавзеҳ дода шудааст, ки лағзиши кӯҳпораи азим дар километри 121- ум масири Душанбе - Чаноқ роҳ муваққатан баста шуд."Ба минтақаи мазкур техникаҳои филиали Ширкат сафарбар шуда, тасмими ҷиддӣ аст, ки дар давоми як соат монеаи зикршуда бартараф гардад", - омадааст дар иттилоия. Ширкат ваъда додааст, ки баробари кушода шудани роҳ ҳатман иловатан иттилоъ дода хоҳад шуд. Масири Душанбе - Чаноқ яке аз роҳҳои калидии Тоҷикистон мебошад, ки шимоли ҷумҳуриро бо марказу ҷануб мепайвандад. Ширкати IRS нигоҳдории қариб 348 километр роҳро ба уҳда дорад.Қаблан хабар дода шуд, дар робита ба таъмир дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои боркаш, маҳдудият ҷорӣ карда шуд.Тавзеҳ дода шуд, ки то дар давраи то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардидааст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ амал мекунад.Гуфта мешавад, ки ин амалҳо бар асоси талаботи қарори ҳукумат "Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" сурат мегиранд.
https://sputnik.tj/20230620/rohho-mastchoh-hamvor-1057815767.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056555995_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_dccb352e326379fca632fda34a87c2e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сангрезӣ, масдуд, ҳаракат, самт, душанбе, чаноқ, маҳдуд
сангрезӣ, масдуд, ҳаракат, самт, душанбе, чаноқ, маҳдуд
Роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан баста аст
11:29 24.07.2023 (Навсозишуда: 11:30 24.07.2023) Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба ҷамъоварии маблағу нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, гуфт, дар як соат роҳ кушода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бар асари сангрезӣ ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар масири Душанбе - Чаноқ мутаваққиф шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", итттилоъ дод, ки ба ҷамъоварии маблағи нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки лағзиши кӯҳпораи азим дар километри 121- ум масири Душанбе - Чаноқ роҳ муваққатан баста шуд.
"Ба минтақаи мазкур техникаҳои филиали Ширкат сафарбар шуда, тасмими ҷиддӣ аст, ки дар давоми як соат монеаи зикршуда бартараф гардад", - омадааст дар иттилоия.
Ширкат ваъда додааст, ки баробари кушода шудани роҳ ҳатман иловатан иттилоъ дода хоҳад шуд.
Масири Душанбе - Чаноқ яке аз роҳҳои калидии Тоҷикистон мебошад, ки шимоли ҷумҳуриро бо марказу ҷануб мепайвандад. Ширкати IRS нигоҳдории қариб 348 километр роҳро ба уҳда дорад.
Қаблан хабар дода шуд, дар робита ба таъмир дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои боркаш, маҳдудият ҷорӣ карда шуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки то дар давраи то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардидааст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ амал мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин амалҳо бар асоси талаботи қарори ҳукумат "Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" сурат мегиранд.