https://sputnik.tj/20230620/rohho-mastchoh-hamvor-1057815767.html
Роҳҳои Мастчоҳ ҳамвор мешавад: Аҳмадзода бел дар даст ба таъмир оғоз бахшид
Роҳҳои Мастчоҳ ҳамвор мешавад: Аҳмадзода бел дар даст ба таъмир оғоз бахшид
Sputnik Тоҷикистон
Роҳҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ обод мешаванд
2023-06-20T16:13+0500
2023-06-20T16:13+0500
2023-06-20T20:35+0500
роҳҳо
дар тоҷикистон
кӯҳистони мастчоҳ
таъмир
нақлиёт
таъмири роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057815157_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_84a26c8c30469e08b5ef5e7655ec05bf.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ мумфаршкунии роҳи Бӯстон-Азизобод, ҳудуди деҳоти Оббурдон оғоз шуд.Таъмири роҳ бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки худ бел ба даст гирифт оғоз гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.Роҳи Бӯстон-Азизобод яке аз роҳҳои асосӣ ба шумор рафта, маркази ноҳияро бо се ҷамоат мепайвандад. Корҳои мумфаршкуниро мутахассисони ҶДММ "Ваҳдат 2018" ба ӯҳда дошта, техникаҳои зарурӣ ҷалб гардидааст.Гуфта мешавад, ки раиси вилоят ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дод.IRS ба таъмири асосии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ шурӯъ кардӮ зимни суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид кардааст, ки бо дастгириҳои президент, ноҳияи Мастчоҳ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардида, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорон даҳҳо иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.Ёдовар мешавем, ки ширкати Innovative Road Solutions низ ба таъмири асосии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ шурӯъ кард.Ва дар робита ба ин, дар давраи аз 1 июн то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардида аст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ карда шудааст.
кӯҳистони мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057815157_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_f5958c0721587112c8d6e864cc4416e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳҳо, мастчоҳ,таъмир
Роҳҳои Мастчоҳ ҳамвор мешавад: Аҳмадзода бел дар даст ба таъмир оғоз бахшид
16:13 20.06.2023 (Навсозишуда: 20:35 20.06.2023) Роҳҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ обод мешаванд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ мумфаршкунии роҳи Бӯстон-Азизобод, ҳудуди деҳоти Оббурдон оғоз шуд.
Таъмири роҳ бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки худ бел ба даст гирифт оғоз гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Роҳи Бӯстон-Азизобод яке аз роҳҳои асосӣ ба шумор рафта, маркази ноҳияро бо се ҷамоат мепайвандад.
Корҳои мумфаршкуниро мутахассисони ҶДММ "Ваҳдат 2018" ба ӯҳда дошта, техникаҳои зарурӣ ҷалб гардидааст.
Гуфта мешавад, ки раиси вилоят ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дод.
Ӯ зимни суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид кардааст, ки бо дастгириҳои президент, ноҳияи Мастчоҳ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардида, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорон даҳҳо иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ширкати Innovative Road Solutions низ ба таъмири асосии шоҳроҳи
Душанбе-Чаноқ шурӯъ кард.
Ва дар робита ба ин, дар давраи аз 1 июн то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардида аст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ карда шудааст.