https://sputnik.tj/20230724/roh-dushanbe-chanoq-kushoda-1058419744.html
Роҳи Душанбе - Чаноқ кушода шуд
Роҳи Душанбе - Чаноқ кушода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул аст, паёмади офати табииро дар ин масир бартараф кардаст 24.07.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-07-24T13:40+0500
2023-07-24T13:40+0500
2023-07-24T13:40+0500
дар тоҷикистон
роҳ
нақлиёт
боз
мошин
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/17/1057316608_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_a7bc260120abb3dbe7bb270b4d431200.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқ аз сар гирифта шуд, иттилоъ дод ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД". Ба иттилои манбаъ, кӯҳпора, ки дар километри 121- уми роҳи Душанбе - Чаноқ афтида буд, бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид. Аз масдудияти роҳ дар пайи сангрезӣ ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" субҳи 24 июл хабар дода буд. Ба минтақаи мазкур техникаҳои филиали Ширкат сафарбар шуда, монеаи зикршуда дар фурсати кӯтоҳ бартараф гардид. Масири Душанбе - Чаноқ яке аз роҳҳои калидии Тоҷикистон мебошад, ки шимоли ҷумҳуриро бо марказу ҷануб мепайвандад. Ширкати IRS нигоҳдории қариб 348 километр роҳро ба уҳда дорад.Қаблан хабар дода шуд, дар робита ба таъмир дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои боркаш, маҳдудият ҷорӣ карда шуд.Тавзеҳ дода шуд, ки то дар давраи то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардидааст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ амал мекунад.Гуфта мешавад, ки ин амалҳо бар асоси талаботи қарори ҳукумат "Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" сурат мегиранд.
https://sputnik.tj/20230709/payomad-lagjish-zamin-chin-1058163822.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/17/1057316608_327:0:3058:2048_1920x0_80_0_0_d2d9172bf015220960d2a6b6e38fdb5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, боз, мошин, душанбе
дар тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, боз, мошин, душанбе
Роҳи Душанбе - Чаноқ кушода шуд
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ машғул аст, паёмади офати табииро дар ин масир бартараф кардаст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқ аз сар гирифта шуд, иттилоъ дод ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД".
Ба иттилои манбаъ, кӯҳпора, ки дар километри 121- уми роҳи Душанбе - Чаноқ афтида буд, бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.
Аз масдудияти роҳ дар пайи сангрезӣ ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" субҳи 24 июл хабар дода буд.
Ба минтақаи мазкур техникаҳои филиали Ширкат сафарбар шуда, монеаи зикршуда дар фурсати кӯтоҳ бартараф гардид.
Масири Душанбе - Чаноқ яке аз роҳҳои калидии Тоҷикистон мебошад, ки шимоли ҷумҳуриро бо марказу ҷануб мепайвандад. Ширкати IRS нигоҳдории қариб 348 километр роҳро ба уҳда дорад.
Қаблан хабар дода шуд, дар робита ба таъмир дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои боркаш, маҳдудият ҷорӣ карда шуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки то дар давраи то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардидааст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ амал мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин амалҳо бар асоси талаботи қарори ҳукумат "Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" сурат мегиранд.