https://sputnik.tj/20230724/rahmon-mirziyoev-tatbiq-naqsha-tamanno-1058417265.html
Раҳмон ба Мирзиёев татбиқи нақшаҳояшро таманно кард
Раҳмон ба Мирзиёев татбиқи нақшаҳояшро таманно кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекистонияш дар пайи баёни шодбошӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ кардаанд
2023-07-24T12:09+0500
2023-07-24T12:09+0500
2023-07-24T12:09+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ӯзбекистон
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050162276_0:19:3071:1746_1920x0_80_0_0_eea3e503655824ca0d33154eb7299bf2.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Ӯзбекистонро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт. "Ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон орзӯ намуданд", - афзуд манбаъ. Дар идома раисҷумҳури Тоҷикистон нақши Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намудаст. Президенти Тоҷикистон ба Узбекистони дӯст пешрафту шукуфоии хостааст. Дар баробари шодбошию таманниёт, президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд. "Дар ин зимн омодагии қатъии ҷонибҳо ҷиҳати таъмиқи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи босамари муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт", - омадааст дар иттилоия. Маврид ба зикр аст, ки Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2016 ба ин сӯ роҳбарии Ӯзбекистонро ба уҳда дорад, 27 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззах таваллуд шудааст. Қабл аз ин ӯ, аз соли 2003 то 2013 дар мақоми сарвазири Ӯзбекистон фаъолият дошт.
https://sputnik.tj/20230722/muloqot-sarvaziron-tojikiston-uzbekiston-dushanbe-1058399057.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050162276_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_34eb3ba993e6d36074b065c8e55111e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
занг, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев, паём, шодбошӣ, зодрӯз
занг, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев, паём, шодбошӣ, зодрӯз
Раҳмон ба Мирзиёев татбиқи нақшаҳояшро таманно кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекистонияш дар пайи баёни шодбошӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Ӯзбекистонро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт.
"Ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон орзӯ намуданд", - афзуд манбаъ.
Дар идома раисҷумҳури Тоҷикистон нақши Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намудаст.
Президенти Тоҷикистон ба Узбекистони дӯст пешрафту шукуфоии хостааст.
Дар баробари шодбошию таманниёт, президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.
"Дар ин зимн омодагии қатъии ҷонибҳо ҷиҳати таъмиқи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи босамари муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2016 ба ин сӯ роҳбарии Ӯзбекистонро ба уҳда дорад, 27 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззах таваллуд шудааст. Қабл аз ин ӯ, аз соли 2003 то 2013 дар мақоми сарвазири Ӯзбекистон фаъолият дошт.