Персполис имкон дорад футболбози тоҷикистониашро фурӯшад

© Федерация футбола ТаджикистанаЗащитник национальной сборной Таджикистана Вахдат Ханонов
Защитник национальной сборной Таджикистана Вахдат Ханонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Обуна шудан
Имкон дорад футболбози тоҷикистонии дастаи футболи Персполиси Эрон Ваҳдат Ҳанноновро ба тими дигари эронӣ фурӯхта шавад
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Се тими эронӣ Ваҳдат Ҳаннонов, футболбози тоҷикистонии “Персполис”-ро зери назар гирифтанд ва имкон дорад бошгоҳи “Персполис” ба зудӣ ин бозигари худро бифурӯшад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парс Тодей".
Яҳё Гулмуҳаммадӣ ба дунболи ҷазби дарвозабон ва муҳоҷим барои тақвияти тимаш аст, баид аст, ки ӯ битавонад бозикуне зери 23 сол барои ин ду мақом пайдо кунад ва аз ин рӯ маҷбур аст листи бузургсолони зарфияташ такмилшударо кам кунад.
Аз ин рӯ, эҳтимоли фурӯши Ҳаннонов ба яке аз се тими “Сипоҳон”, “Зӯбоҳан” ва “Гулгуҳар” зиёд аст.
Дар ин миён бошгоҳи “Сирҷонӣ” бештарин рақамро барои хариди Ҳаннонов пешниҳод дода ва ба ин хотир шонси бештаре барои ҷазби ӯ дорад.
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Ниҳоят Сафаров ва Ҳаннонов бо тими "Персеполис"-и Эрон шартнома бастанд
Ёдовар мешавем, ки ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳаннонов дар ҳайати бошгоҳи футболи "Персеполис" қаҳрамони Эрон шуд.
Соли 2021 Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров футболбозони тоҷик бо қарордоди сесола ба тими футболи “Персеполис”- и Эрон пайвастанд.
Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ҳар ду вориди тими миллии футболи кишвар буда, қаблан дар бошгоҳи "Истиқлол" бозӣ мекарданд.
Ин ҷавонон аз аввалинҳое дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар Лигаи олии Эрон бозӣ мекунанд ва қаблан қарордоди умумии онҳоро камтар аз 200 ҳазор доллар арзёбӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0