Ниҳоят Сафаров ва Ҳаннонов бо тими "Персеполис"-и Эрон шартнома бастанд

© ФК ИстиклолСтороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Пас аз мунтазирии қариб думоҳа ду бозигари мунтахаби Тоҷикистон тавонистанд бо тими эронӣ расман шартнома имзо намоянд.
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров пас аз гузаштани тамрин ва боз шудани равзанаи интиқоли бошгоҳ расман бо қарордоди сесола ба тими футболи “Персеполис”- и Эрон пайвастанд.
Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи "Персеполис"-и Эрон хабар медиҳад.
Қаблан равзанаи интиқоли "Персеполис" бинобар напардохтани маблағи кормандони қаблии фаннии аргентинияш Габриэл Калдерон ва Хокин аз ҳаққи бастани шарнома бо бозигарони нав маҳрум шуда буд.
Тавре расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, пас аз пардохти қарз ФИФА равзанаи интиқолҳои "Персеполис"-ро боз кардааст.
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Арзиши гузариши ду футболбози тоҷик ба тими "Персиполис" маълум шуд
Менеҷери “Персеполис” Маҷиди Садрӣ, ки Ваҳдат Ҳананов ва Манучеҳр Сафаровро ба ҳайати даста ҷалб карда буд, ба бахши байналмилалии бошгоҳ дастур додааст, то қарордодҳои онҳоро дар низоми FIFA сабти ном кунанд ва онҳо ба бозӣ бароянд.
Дар ҳамин ҳол Ҳанонов як рӯз пеш аз кушода шудани равзанаи интиқол ҷароҳат бардоштааст ва то охири моҳи январ наметавонад дар ҳайати нави худ бозӣ кунад.
Сафаров умедвор аст, ки нахустин бозии худро рӯзи ҷумъа дар ҳайати "Персеполис" бо "Зубоҳани Исфаҳон" анҷом медиҳад, то пас аз ҳузур дар тамринҳои сафедпӯшон дар тӯли тақрибан 50 рӯз имкон пайдо кунад, ки худро нишон диҳад.
Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ҳар ду вориди тими миллии футболи кишвар буда, қаблан дар бошгоҳи "Истиқлол" бозӣ мекарданд.
Ин ҷавонон аз аввалинҳое дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар Лигаи олии Эрон бозӣ мекунанд ва қаблан қарордоди умумии онҳоро камтар аз 200 ҳазор доллар арзёбӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0