Рӯзи аввали "CAFA Futsal Cup-2023": Кӣ бурду кӣ бохт?

© Дафтари матбуоти ФФТМухлисони тими миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳ
Мухлисони тими миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Обуна шудан
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар нахустин бозияш дар доираи мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" аз рақибони ӯзбекистонияш шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Зӯрозмоии тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ба фоидаи тими меҳмон бо ҳисоби 2:4 анҷом ёфт.
Ба иттилои ФФТ, голҳои ҷониби Тоҷикистонро футзалбозон Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов ба ҳадаф расонданд.
Дар вохӯриҳои дигар дастаи Афғонистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 ва дастаи Туркманистон бар футзалбозони Эрон бо ҳисоби 2:1 дастболо гардиданд, афзуд манбаъ.
Бозиҳои даври дуюми "CAFA Futsal Cup-2023" 24 июл дар назар аст. Аз ҷумла, соати 14:00 дастаҳои миллии Эрон ва Қирғизистон зӯр меозмоянд.
Рустам Ходжаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Хоҷаев сармураббии тими "Шодмон" таъйин шуд: Қосим Роҳбар чӣ ваъда дод?
Соати 17:00 вохӯрии дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон ва соати 20:00 сабқати дастаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар барнома мебошад.
Ин нахустин мусобиқаи футзал миёни тимҳои миллӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар он дастаҳои шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.
Дар доираи мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" дар маҷмӯъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахабҳои миллии Қирғизистон рӯзи 26 июл, бо Афғонистон рӯзи 28 июл ва Эрон 30 июл рақобат мекунад. Баргузории ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар Душанбе дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0