Хоҷаев сармураббии тими "Шодмон" таъйин шуд: Қосим Роҳбар чӣ ваъда дод?

Рустам Ходжаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Собиқ сармураббии "Хуҷанд", ки аз вазифааш истеъфо дод, бо тими шаҳри Ҳисор шартнома баста, вазифаҳои гузаштаи шаҳрдориро дар наздаш шунид
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Рустам Хоҷаев ба ҳайси сармуррабӣ ба тими "Шодмон"-и шаҳри Ҳисор пайваст. Дар ин бора худи Хоҷаев ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
"Пешниҳоди кор дар даста аз ҷониби бошгоҳ шуд ман қабул кардам ва то охири сол шартнома бастем",- гуфт Хоҷаев.
Зикр шуд, ки раиси шаҳр, Қосим Роҳбар дар назди сармураббии нав вазифа гузоштааст, ки сатҳи футболи маҳаллиро боло бардорад.
"Дастур шуд, ки сатҳи бозӣ ва омӯзиши варзишкоронро баланд бардорем. Ваъда карданд, ки дар сурати ба Лигаи олӣ роҳ ёфтан боз дастгириҳо беҳтар хоҳад шуд", - гуфт Хоҷаев.
"Шодмон"-и Ҳисор барои Хоҷаев бегона набуда, корномаи варзишияшро маҳз дар ҳамин даста оғоз кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки аз мақоми охираш - сармураббигии бошгоҳи "Хуҷанд" Хоҷаев баҳори соли равон истеъфо дод. Сабаби истеъфо натиҷаҳои номатлуб дар даста гуфта шуд.
Рустам Хоҷаев қаблан аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.
Кубок арабских наций 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Тими миллии футзал нахустин бозиро бо дастаи Ӯзбекистон мегузаронад
Дар мавсими 2020 Хоҷаев ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтани вай иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд ва бо рафтани он ба раҳбарии даста баромад.
Вай солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд. Мавсуф дар гузашта сармуррабӣ дар дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат, "Вахш"-и Бохтар, "Барқчӣ" ва КМВА-и пойтахт буда, замоне дар тими миллӣ ёвари сармуррабӣ Ҳаким Фузайлов ҳам буд.
Лентаи хабарҳо
0