https://sputnik.tj/20230723/sabt-zaminjunbi-hudud-vmkb-1058409262.html
Сабти заминҷунбӣ дар ҳудуди ВМКБ
Сабти заминҷунбӣ дар ҳудуди ВМКБ
Sputnik Тоҷикистон
Маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон заминҷунбии навбатиро дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба қайд гирифтааст
2023-07-23T12:35+0500
2023-07-23T12:35+0500
2023-07-23T12:35+0500
дар тоҷикистон
заминҷунбӣ
мастчоҳ
манзил
зилзила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102625/36/1026253666_0:183:3817:2330_1920x0_80_0_0_7cf64a710f9d04d3b7b1906a243ae21d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тақрибан соати 6-и субҳи 23 июл боз заминларза такон дод. Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон иттилоъ дода, афзуд, ки маркази заминҷунбӣ дар ноҳияи Шуғнон воқеъ будааст. Тавоноии заминларза дар марказ то 4 дараҷа арзёбӣ гардидаст. Сарчашмаи заминҷунбӣ дар умқи 100 километр ҷойгир будааст, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Ӯзбекистон.Ин заминларзаи дуюм тайи рӯзҳои охир дар ВМКБ мебошад. Ахиран зилзилашиносон дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дуртар аз қуллаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино (қуллаи Ленини собиқ) заминҷунбӣ сабт намуда буданд. Таъкид шуда буд, ки қувваи ларзиши зеризаминӣ 4 балл буда, дар чуқурии 176 километр рух додааст.Маврид ба зикр аст, ки харобиовартарин заминҷунбие, ки соли равон дар Тоҷикистон сабт шудааст, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сар зада буд, ки даҳҳо хона бар асари он тахриб шуданд.Чане пеш раиси ин ноҳия зимни як ҷаласа изҳор дошт, ки сохтмони манзилҳои тахрибшудаи сокинон бояд то 1 август анҷом ёбад.
https://sputnik.tj/20230717/dastur-bobozoda-anjom-sokhtmon-khona-zilzila-mastchoh-1058301507.html
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102625/36/1026253666_106:0:3499:2545_1920x0_80_0_0_6ac519945d5800c576fcef68709eddff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминҷунбӣ, сабт, такон, ӯзбекистон, тоҷикистон, вмкб
заминҷунбӣ, сабт, такон, ӯзбекистон, тоҷикистон, вмкб
Сабти заминҷунбӣ дар ҳудуди ВМКБ
Маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон заминҷунбии навбатиро дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба қайд гирифтааст
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тақрибан соати 6-и субҳи 23 июл боз заминларза такон дод.
Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон иттилоъ дода, афзуд, ки маркази заминҷунбӣ дар ноҳияи Шуғнон воқеъ будааст.
Тавоноии заминларза дар марказ то 4 дараҷа арзёбӣ гардидаст. Сарчашмаи заминҷунбӣ дар умқи 100 километр ҷойгир будааст, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Ӯзбекистон.
Ин заминларзаи дуюм тайи рӯзҳои охир дар ВМКБ мебошад. Ахиран зилзилашиносон дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дуртар аз қуллаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино (қуллаи Ленини собиқ) заминҷунбӣ сабт намуда буданд.
Таъкид шуда буд, ки қувваи ларзиши зеризаминӣ 4 балл буда, дар чуқурии 176 километр рух додааст.
Маврид ба зикр аст, ки харобиовартарин заминҷунбие, ки соли равон дар Тоҷикистон сабт шудааст, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сар зада буд, ки даҳҳо хона бар асари он тахриб шуданд.
Чане пеш раиси ин ноҳия зимни як ҷаласа изҳор дошт, ки сохтмони манзилҳои тахрибшудаи сокинон бояд то 1 август анҷом ёбад.