https://sputnik.tj/20230719/korhoi-fahmondadihi-guzarish-pardokhthoi-ghayrinaqdi-tojikiston-1058340255.html
Оғози корҳои фаҳмондадиҳӣ барои гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон
Оғози корҳои фаҳмондадиҳӣ барои гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон масъулин ба корҳои фаҳмондадиҳӣ барои гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ оғоз карда, муҳосибону шаҳрвандонро бо он шинос мекунанд
2023-07-19T09:45+0500
2023-07-19T09:45+0500
2023-07-19T09:47+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
пул
ғайринақдӣ
пардохт
турсунзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_0:125:1200:800_1920x0_80_0_0_d48c776606d95492775869e27ed6c771.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҳамоиш барои баррасии нозукиҳои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Ба иттилои шаҳрдории Турсунзода, дар ин ҳамоиш масъулини бонкҳо ва муҳосибони ширкатҳо иштирок намуда, нозукиҳои ин равандро баррасӣ намуданд. Манбаъ таъкид кард, ки гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ омили такони иқтисодиёт хоҳад шуд. Ахиран Бонки миллӣ аз корхонаю шаҳрвандони Тоҷикистон хост, барои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ омода бошад. Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд, гуфт ин ниҳод. Таъкид шуд, ки дар сурати надоштани суратҳисоби бонкӣ, шаҳрвандону корхонаҳо метавонанд, ба дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат намуда, суратҳисоби бонкӣ кушоянд. Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки барои амалӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муздноки давлатӣ шахсони воқеӣ - аҳолӣ метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд.Зикр шуд, ки бо фармони президент аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20230714/interneti-bosurat-guzashtan-rahmon-hukumat-1058261676.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_83:0:1150:800_1920x0_80_0_0_5a45082b4c41dd00678af0c7bc8defa0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ташвиқ, пардохт, ғайринақдӣ, навоҳӣ, тоҷикистон
ташвиқ, пардохт, ғайринақдӣ, навоҳӣ, тоҷикистон
Оғози корҳои фаҳмондадиҳӣ барои гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон
09:45 19.07.2023 (Навсозишуда: 09:47 19.07.2023) Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон масъулин ба корҳои фаҳмондадиҳӣ барои гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ оғоз карда, муҳосибону шаҳрвандонро бо он шинос мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҳамоиш барои баррасии нозукиҳои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
Ба иттилои шаҳрдории Турсунзода, дар ин ҳамоиш масъулини бонкҳо ва муҳосибони ширкатҳо иштирок намуда, нозукиҳои ин равандро баррасӣ намуданд.
Манбаъ таъкид кард, ки гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ омили такони иқтисодиёт хоҳад шуд.
Ахиран Бонки миллӣ аз корхонаю шаҳрвандони Тоҷикистон хост, барои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ омода бошад.
Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд, гуфт ин ниҳод.
Таъкид шуд, ки дар сурати надоштани суратҳисоби бонкӣ, шаҳрвандону корхонаҳо метавонанд, ба дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат намуда, суратҳисоби бонкӣ кушоянд.
Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки барои амалӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муздноки давлатӣ шахсони воқеӣ - аҳолӣ метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд.
Зикр шуд, ки бо фармони президент аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.