Маск паррандаро аз Twitter мегирад: Ба ҷояш чӣ мемонад?

© Sputnik Twitter, архивное фото
Twitter, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Обуна шудан
Молики Twitter эълом доштааст, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ ребрендинг мегузаронад. Ҳадс зада мешавад, ки парранда бо рамзи Х иваз карда шавад
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Миллиардери амрикоӣ Илон Маск ваъда додааст, ки дар логотипи Twitter бо парранда видоъ мекунад.
"Ба зудӣ мо бо бренди Twitter ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста бо ҳамаи паррандагон видоъ хоҳем кард", - навиштааст ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ.
Маск аз ҷумла баррасӣ дорад, ки паррандаро бо X иваз кунад, ки онро ҳамчун намунаи нокомилиҳои инсонӣ медонад ва ин нокомилиҳо онҳоро нодир месозанд.
Twitter Inc. соли 2006 таъсис ёфтааст. Маҳсулоти асосии ширкат шабакаи иҷтимоӣ барои табодули паёмҳои кӯтоҳ мебошад.
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Ин дурӯягист: вокуниши Маск ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина
Маск созишномаи ба даст овардани ин шабакаро ба ивази 44 млрд доллар тирамоҳи соли 2022 баст.
Қаблан Маск дар мусоҳиба бо The Babylon Bee Talks изҳор дошт, ки ба брендҳои тавсифӣ бовар дорад ва "X" метавонад маънои ҳар чизро дошта бошад.
Ба гуфтаи соҳибкор, дидгоҳи ӯ дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун пойгоҳи интишори видео, аксҳо ва матнҳои калон аз ғояи ибтидоии шабакаи иҷтимоӣ ҳамчун василаи табодули паёмҳои кӯтоҳ фаротар аст.
Бо таъкиди ин нукта, Маск изҳор медорад, ки барои ин ҳадафҳо Twitter бренди мувофиқ нест.
Дар аввали моҳи июн, Маск дар шарҳи гузориши T(w)itter Daily News, ки хабар дод, номи ҷории шабакаи иҷтимоӣ ва логотипи паррандаи кабудро бо ҳарфи X иваз карда мешавад, нақшаҳои ребрендингро тасдиқ кард.
Лентаи хабарҳо
0