Ҳалокати даҳҳо нафар бар асари обхезӣ дар Афғонистон

© AFP 2023 / Wakil Kohsar Женщина с ребенком у разрушенного здания после наводнения в Афганистане
 Женщина с ребенком у разрушенного здания после наводнения в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Обуна шудан
Обхезӣ дар Афғонистон даҳҳо куштаю маҷрӯҳ барҷой гузашта, инфрасохторро таҳриб, аз ҷумла - роҳи автомобилгард миёни Бомиён ва Кобулро хароб кардааст
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Зиёда аз 30 нафар дар Афғонистон бар асари обхезӣ ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар бедарак шудаанд.
Дар ин бора хабаргузории Tolo News бо истинод ба сухангӯи Вазорати имдод ва бартарафсозии офатҳои табиии Афғонистон, Шафиуллоҳ Раҳимӣ гузориш дод.
Ба иттилои манбаъ, садҳо хона пурра ё қисман хароб шуда, ба заминҳои кишоварзӣ зарар расонида шуд. Таъкид шудааст, ки обхезӣ дар Афғонистон дар чанд рӯзи охир давом дорад.
"Дар 72 соати ахир бар асари обхезиҳо дастикам 31 нафар кушта, 74 нафар захмӣ ва 41 нафари дигар бедарак шудаанд", - изҳор доштаст Раҳимӣ.
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Хонаҳои сокинони аз зилзила зарардидаи Мастчоҳ кай омода мешавад? Посухи раис
Сухангӯи Вазорати имдоду бартарафсозии офатҳои табиӣ афзуд, ки 250 сар чорво талаф ёфтааст.
Баъзе роҳҳо, аз ҷумла шоҳроҳе, ки шаҳри Бомиёнро бо Кобул мепайвандад, баста шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки борон боиси обхезии манотиқи шаҳрӣ ва хисороти зербиноӣ дар бахшҳое аз Лоҳури Покистон шудааст.
Аз ҷумла гузориш дода шуда буд, ки дар Лоҳур 291 мм боришот ба қайд гирифта шудааст. Ин баландтарин нишондод дар шаҳр дар 30 соли охир буд.
Дар натиҷаи фурӯ рехтани боми хона як оилаи иборат аз 4 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 11-сола дар оби борон ғарқ шуда, 4 нафари дигар бар асари зарбаи барқ ​​ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ доданд мақомоти Покистон.
Лентаи хабарҳо
0