Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2023
Обуна шудан
Субҳи Тоҷикистон бо сар задани офати табиӣ, аниқтараш заминҷунбӣ дамид. Ҳоло ниҳодҳои дахлдор паёмади ин офати табииро шарҳ надодаанд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ сар зад, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷӣӣ Ӯзбекистон.
Бар хабари манбаъ, ҷунбиши замин соати 8:59 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сар зад.
"Шиддати он ба 3.8 балл баробар буда, марказаш дар чуқурии 15 км ҷойгир буд", - омадааст дар хабари Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон.
Зимнан, дар Тоҷикистон ҳоло ниҳодҳои марбута аз сар задани заминҷунбӣ ва чӣ паёмад доштани он хабар надодаанд.
Ҳамагӣ се рӯз қабл заминҷунбии қавии Афғонистон Тоҷикистонро низ такон дода буд.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази он 232 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 161 км ҷанубу ғарб аз шахри Хоруғ дар ҳудуди Афғонистон будааст.
Горы на границе Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Заминҷунбии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Ин офати табииро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ эҳсос карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки харобиовартарин заминҷунбии исмола дар Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сар зада буд, ки даҳҳо хона бар асари он тахриб шуданд.
Чане пеш раиси ин ноҳия зимни як ҷаласа изҳор дошт, ки сохтмони манзилҳои тахрибшудаи сокинон бояд то 1 август анҷом ёбад.
Лентаи хабарҳо
0