Заминҷунбии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

© AFP 2023 / ERIC FEFERBERGГоры на границе Таджикистана и Афганистана
Горы на границе Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Обуна шудан
Заминларза тақрибан дар 70-километрии рӯдхонаи Панҷ, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон мегузарад, дар наздикии шаҳри Толиқон ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон соати 12:26 дақиқа ба вақти маҳалли дар каламрави мамлакат заминларза ба қайд гирифта шуд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази он 232 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 161 км ҷанубу ғарб аз шахри Хоруғ дар ҳудуди Афғонистон будааст.
Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш - 4 балл ва дар Душанбе 2- баллро ташкил дод.
Ба иттилои КҲФ- Тоҷикистон хисорот ва талафоти ҷони ба кайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбакистон, шиддати тахриби зеризаминӣ 5,4 балл будааст.
Горы с высоты в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Дар Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дод
Ин манбаъ хабар додааст, ки заминларзаи мазкур дар бисёр шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон эҳсос шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои осебдидагони зилзила дар Мастчоҳ бо суръат идома дорад.
Корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ дар ин минтақа то 1 августи соли 2023 бояд анҷом дода шаванд.
Лентаи хабарҳо
0