https://sputnik.tj/20230721/rahmon-sarvazir-uzbekiston-1058390809.html
Раҳмон сарвазири Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт
Раҳмон сарвазири Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Ӯзбекистон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуда, дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
2023-07-21T19:25+0500
2023-07-21T19:25+0500
2023-07-21T19:25+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
рушд
ҳамкорӣ
абдулло орипов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031988570_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_cbd361bff35742e810415385a0102e08.jpg
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон, Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд, афзуд манбаъ. Гуногунсамт гардонидан ва тавсеаи сохтории молу маҳсулоти тиҷорати мутақобила аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам дониста шуд, таъкид намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба имкониятҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ишора кард.Дар баробари ин соҳаҳои саноати сабук ва хурокворӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати автомобилсозӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ ҳамчун самтҳои ояндадор номбар гардиданд.Ба тавсеаи фаъоли робитаҳои мустақими иқтисодии субектҳои хоҷагидор ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид, афзуд манбаъ. Ҷонибҳо дар мавриди талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди пайвастаи тамоми маҷмӯи равобиту ҳамкорияшон изҳори омодагӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20230721/oripov-vorid-dushanbe-1058387764.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031988570_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_ddaed0d0003f6d893e35cb4571d8b4cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, эмомалӣ раҳмон, сарвазир, тоҷикистон, ҳамкорӣ
мулоқот, эмомалӣ раҳмон, сарвазир, тоҷикистон, ҳамкорӣ
Раҳмон сарвазири Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт
Сарвазири Ӯзбекистон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуда, дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе баррасӣ шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон, Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд, афзуд манбаъ.
"Дар ин зимн бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди бемайлони гардиши мол миёни ду кишвар зикр гардид", - омадааст дар иттилоия.
Гуногунсамт гардонидан ва тавсеаи сохтории молу маҳсулоти тиҷорати мутақобила аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам дониста шуд, таъкид намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба имкониятҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ишора кард.
Дар баробари ин соҳаҳои саноати сабук ва хурокворӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати автомобилсозӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ ҳамчун самтҳои ояндадор номбар гардиданд.
Ба тавсеаи фаъоли робитаҳои мустақими иқтисодии субектҳои хоҷагидор ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид, афзуд манбаъ.
Ҷонибҳо дар мавриди талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди пайвастаи тамоми маҷмӯи равобиту ҳамкорияшон изҳори омодагӣ намудаанд.